Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи даври сеюми президентии Путин ба порлумон ворид шуд


Владимир Путин
Владимир Путин

Ба бонки иттилооти Думаи давлатии Русия тарҳи қонун дар бораи "Муҳлати раёсати президенти Русия" ворид шуд. Аз варақаи сабти тарҳи қонун бармеояд, ки он рӯзи 18-уми май ба порлумон расид ва дар ихтиёри раиси Дума қарор гирифт. Ин санадро порлумони Чеченистон пешниҳод кардааст.

Дар тавҷеҳномаи пешниҳод гуфта мешавад, ҳарчанд Қонуни асосии Русия муҳлати президентиро барои як нафар ду давра муайян кардааст, дар марҳилаи феълии рушди кишвар зарурати тамдиди президентӣ то се давра ба миён омадааст.

Рӯзи 9-уми майи имсол раиси Маҷлиси Чеченистон Муҳаммад Довудов гуфт, ки порлумони Чеченистон тарҳи қонун дар бораи тамдиди муҳлати президентиро омода кардааст. Пештар раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров пешниҳод карда буд, ки президенти феълӣ Владимир Путин аз ҳаққи се давраи раҳбарӣ бархӯрдор шавад.

Соли 2008 Дмитрий Медведев, ки он замон президенти Русия буд, муҳлати президентиро аз чаҳор ба шаш сол тамдид кард. Бар пояи Қонуни асосии Русия як нафар ҳақ надорад беш аз ду дафъа раиси ҷумҳур интихоб шавад.

XS
SM
MD
LG