Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушовири адлия дар Қазоқистон ба 7 соли зиндон маҳкум шуд


Додгоҳи шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон Эсентур Қодиров, мушовири адлияро дар додани пора ба муфаттишони додситонии кулли ин кишвар айбдор ва ба муҳлати 7 сол зиндонӣ кард.

Ба гуфтаи вакилони дифоъ, Қодиров ният дорад, ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят барад.

Эсентур Қодиров моҳи ноябри соли гузашта боздошт шуд. Моҳи августи соли 2017 додситонии кулли Қазоқистон нисбати чанд корманди додситонии шаҳри Оқтеппа дар робита ба муносибати хунукназарона ба фаъолияти меҳнатӣ парванда боз кард. Пешбарии парвандаи мазкур бар души додситони махсуси вилояти Атирау гузошта шуд. Тафтишот мегӯяд, Эсентур Қодиров ҳангоми ифои вазифа дар мақоми иҷрокунандаи додситони ноҳияи Каргалин, 14 ноябри соли 2017 талош кард, ки ба гуруҳи муфаттишони додситонии кулл "бо ҳадафи раҳо шудан аз ҷавобгарӣ" пора диҳад. Аммо Қодиров ин айбҳоро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG