Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла дар Покистон сабаби ҳалокати як низомӣ шуд


Шаҳри Новшера, акс аз соли 2012
Шаҳри Новшера, акс аз соли 2012

Дар пайи як таркиши маргталабе дар назди нирӯҳои ниманизомии Покистон рӯзи 17-уми май ҳадди ақал як сарбоз кушта ва чанд нафар маҷруҳ шуданд.

Ҳамлагар савори мошине дар шаҳри Новшераи вилояти шимолуғарбии Хайбар Пахтунхва инфиҷор кард.

Як мақоми полис бо номи Беҳрӯз Хон ба бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса баъд аз зӯҳр ва дар наздикии додгоҳи ноҳиявӣ рух дод. Шумори сарбозони маҷрӯҳшуда дар паи ин ҳамла 14 нафар гуфта мешавад.

Новшера бештар як шаҳри низомӣ аст ва дар наздикии шаҳри Рисалпур ҷойгир аст, ки макони Академияи нирӯҳои ҳавоии Покистон мебошад.

XS
SM
MD
LG