Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон қарори се тақсим шудани "Барқи Тоҷик"-ро имзо кард


Бинои ширкати "Барқи Тоҷик"
Бинои ширкати "Барқи Тоҷик"

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳукумати Тоҷикистон, қарори ба се ҷамъияти саҳомӣ тақсим шудани ширкати “Барқи Тоҷик”-ро имзо кард. Ин қарор рӯзи 28-уми апрели имсол ба имзо расида, танҳо 16-уми май аз тарафи Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шуд.

Дар ин қарор раиси ҷумҳур ба вазорату идораҳои кишвар дастур додааст, ки дар тӯли се моҳи оянда дар заминаи “Барқи Тоҷик” ҷамъияти саҳомии “Шабакаҳои интиқолдиҳандаи барқ” ва “Шабакаҳои тақсимкунандаи барқ”-ро таъсис бидиҳанд. Бо иҷро шудани ин қарор худи ширкати “Барқи Тоҷик” ба истеҳсоли нерӯи барқ машғул гашта, ду ширкати дигар масъули нигоҳубини хатҳои барқу симчӯбҳо ва фурӯшу ҷамъоварии пули барқ хоҳанд буд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон

Дар қарор гуфта мешавад, ширкатҳои навтаъсис ҷамъиятҳои саҳомии боз хоҳанд буд. Бо таъсис ёфтани ин ширкатҳо мантиқан соҳибкорону сармоядрони алоҳида низ метавонанд саҳмияҳои онҳоро бихаранд. То ҳанӯз ширкати “Барқи Тоҷик” пурра давлатӣ боқӣ монда буд.

Созмонҳои байналмилалӣ, ба мисли Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушд, борҳо ба Тоҷикистон машварат дода буданд, ки дар ширкати “Барқи Тоҷик” таҷдиди сохторӣ сурат гирад. “Барқи Тоҷик” солҳост барои фаъолияти ношаффоф ва қарзҳои беш аз 1-миллиард сомониаш танқид мешавад.

Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушд бар иловаи таҷдиди сохторӣ аз Тоҷикистон ҳамчунон хоста буданд, ки нархи барқро боло бибарад.

Тоҷикистон дар поёни соли 2017 қимати барқро 15 дарсад боло бурд. Айни ҳол як киловатт/соат нерӯи барқро ширкати “Барқи Тоҷик” ба аҳолӣ 16,85 дирам мефурӯшад.

XS
SM
MD
LG