Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марадона раиси ҳайати мудирони клуби "Динамо-Брест" интихоб шуд


Диего Марадона (акс аз бойгонӣ)
Диего Марадона (акс аз бойгонӣ)

Футболбози шинохтаи Аргентина Диего Марадона раиси ҳайати мудирони клуби "Динамо-Брест"-и Беларус интихоб шуд. Дар ин бора клуби мазкур дар Твиттер хабар дод.

Марадона бо клуби "Динамо-Брест" қарордоди сесола имзо кард. Стратегияи рушди клуб аз масъулиятҳои Диего Марадона хоҳад буд. "Ӯ пас аз анҷоми бозиҳои қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол дар Русия, ба кор оғоз мекунад", - омадааст дар хабари Твиттер.

Худи Марадона барои боварии клуби "Динамо-Брест" ба ӯ, дар "Инстаграм" изҳори сипос кардааст.

Интизор меравад, Мардона ба чемпионати ҷаҳон оид ба футбул дар Русия ба ҳайси рӯзномнигор меравад ва аз телевизиони давлатии Венесуэла - "Телесур" намояндагӣ мекунад.

Диего Марадона аз бозигарони дастаи мунтахаби Аргентина буд, ки соли 1986 дар бозии қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол пирӯз шуд. Ӯ, инчунин, дар ҳайати тими "Барселона", "Наполи" ва "Севиля" бозӣ кардааст. Бар пояи овоздиҳӣ дар сомонаи ФИФА, Марадона беҳтарин футболбози асири XX эътироф шуд.

Аз соли 2008 то 2010 Марадона мураббии тими мунтахаби Аргентина буд ва бо он ба чаҳорякфиналии бозиҳои қаҳрамонии ҷаҳон расид. Охирин ҷойи кори Марадонаи 57-сола клуби "Ал-Фуҷайраи"-и Имороти Муттаҳидаи Араб буд, ки Марадона онро моҳи апрел тарк кард.

XS
SM
MD
LG