Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия ба консули Исроил машварат дод, ки аз кишвар хориҷ шавад


Навори Ғазза
Навори Ғазза

Вазорати корҳои хориҷии Туркия ба консули генералии Исроил дар Истамбул машварат дод, ки муваққатан аз ин кишвар хориҷ шавад. Дар ин бора хабаргузории Анадолу бо такя ба манбаҳои Вазорати хориҷӣ гузориш дод.

Низои дипломатӣ дар байни Туркия ва Исроил рӯзи 14 май, баъди задухурди сарбозони исроилӣ бо тазоҳургарони фаластинӣ дар Навори Ғазза буруз кард. Низоъро кӯчидани сафорати ИМА аз Телавив ба Байтулмуқаддас таҳрик дод. Он замон беш аз 60 эътирозгари фаластинӣ кушта шуд. Рӯзи 15 Туркия ба сафири Исроил машварат дод, ки аз кишвар муваққатан хориҷ шавад. Дар посух Исроил консули генралии Туркияро аз қаламраваш берун кард.

30 март фаластиниҳо дар сарҳади Ғазза ва Исроил маъракаи эътирозии " Раҳпаймоии бузурги бозгашт",-ро оғоз карданд. Ба гуфтаи таҳиягарони эътироз, онҳо мехоҳанд таваҷҷӯҳро ба сарнавишти фаластиинҳо ҷалб кунанд, ки наметавонанд ба хонаҳои бобии худ дар қаламрави Исроил баргарданд.

Эътирозҳо дар остонаи ифтитоҳи сафорати ИМА дар Байтулмуқаддас авҷ гирифт. Фаластиниҳо Байтулмуқаддаси Шарқиро пойтати давлати ояндаи худ медонанд. Исроил тамоми Байтулмуқаддасро моли худ мешуморад.

XS
SM
MD
LG