Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифини Сурия барои музокирот вориди Остона шуд


 Rixson President Hotel дар Остона
Rixson President Hotel дар Остона

Ануар Жайнаков, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар дод, ки намояндагони мухолифини Сурия вориди шаҳри Остона шуданд. Дар ин шаҳр нуҳумин даври гуфтугӯҳои сулҳи Сурия баргузор мешавад.

"Субҳи имрӯз намояндагони мухолифини Сурия вориди Остона шуданд. Дар маҷмуъ 24 нафар ҳастанд. Ҳайатро Аҳмад Тома роҳбарӣ мекунад", - гуфт Жайнаков.

Ба гуфтаи ӯ, гуфтугӯҳо нимаи дувуми рӯзи сешанбе шуруъ мешаванд. Дирӯз сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон гуфта буд, ки гуфтугӯҳои сулҳи Сурия дар Остона бе ҳузури ИМА баргузор мешаванд. Дар гузашта ИМА чанд маротиба намояндагонашро ба ин музокирот фиристода буд.

Фиристодаи махсуси президенти Русия дар умури Сурия Александр Лаврентев рӯзи 14 май гуфт, Москва ҳанӯз ҳам умедвор аст, ки Вашингтон дар гуфтугӯҳо ширкат хоҳад кард.

Эрону Русия аз ҳукумати президенти Сурия Башор Асад ва Туркияву ИМА аз гуруҳҳои гуногуни шӯришгарон ҳимоят мекунанд. Дар ҷангҳои Сурия, ки аз моҳи марти соли 2011 ба ин сӯ идома доранд, беш аз 330 ҳазор одам кушта ва миллионҳо тани дигар захмӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG