Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Кумитаи андозро аз мақомаш барканор карданд


Ботир Парпиев
Ботир Парпиев

Ботир Парпиев, раиси Кумитаи давлатии андози Узбекистон, аз мақомаш барканор шудааст. Вай тайи чаҳордаҳ соли охир дар ин вазифа кор мекард.

Расонаҳои Узбекистон рӯзи 11-уми май навиштанд, ки генерал Парпиев дар як ниҳоди дигари давлатӣ ба ҳайси муовини раиси ба кор пардохтааст. Ботир Парпиев қудои Рустам Иноятови 73-сола, собиқ раиси Хадамоти давлатии амнияти Узбекистон аст, ки моҳи январи имсол ба истеъфо рафт.

Қаблан манобеи бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки Ботир Парпиев низ моҳи октябри соли 2017 ба далели вазъи начандон хуби саломаташ номаи истеъфо навишта буд. Манобеъ гуфтанд, ӯ вақтҳои охир бештар аз дарди пой шикоят дошт.

Кумитаи давлатии андози Узбекистон моҳи январи соли 1994 таъсис шуда, Ботир Парпиев соли 2014 раёсати онро бар уҳда гирифт.

Ҳоло Беҳзод Мӯсоев иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи давлатии андози Узбекистон таъйин шудааст.

XS
SM
MD
LG