Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навалний барои эътирозҳои "Ӯ шоҳи мо нест" мурофиа мешавад


Навалний дар додгоҳи Маскав
Навалний дар додгоҳи Маскав

Додгоҳи Маскав рӯзи ҷумъа парвандаи маъмурии сарпечӣ аз амри пулисро баррасӣ мекунад, ки алайҳи раҳбари мухолифини Русия Алексей Навалний баъди амалҳои эътирозии "Ӯ шоҳи мо нест" боз шуд. Да ин бора хабарнигори бахши Русии Радиои Озодӣ рӯзи 11 май аз толори додгоҳ гузориш дод.

Навалний ҳамчунин такроран ба нақзи тартиби баргузор кардани ҷамъомадҳои умумӣ муттаҳам мешавад. Баррасии ин иттиҳом ба 15 май гузошта шуд, зеро додгоҳ бо талаби вакилони Навалний бояд ду пулисро ба сифати шоҳид даъват кунад.

Алексей Навалний рӯзи 5 май дафъатан баъди зоҳир шуданаш дар майдони Пушкин боздошт шуд. Он замон дар байни мухолифони даври чаҳоруми президентии Владимир Путин ва нафароне, ки либоси "казакҳо"-ро ба бар карда буданд, задухурд ҷараён дошт. Ин нафарон намояндагони мухолифинро латту кӯб карданд.

Ҳангоми боздошт дасти Навалний харош хурд ва навори видеои нишон медиҳад, ки чӣ тавр ходимони пулис аз дасту пойи ӯ дошта, ба сӯи мошин мекашонанд. Ба гуфтаи сомонаи "ОВД-Инфо", дар пойтахти Русия, ки тазоҳурот бидуни иҷоза ҷараён гирифт, беш аз ҳафсад нафар ва дар тамоми кишвар якуним ҳазор нафар боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG