Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ар Риёз: шоҳигарӣ дар бойкоти нафти Эрон пул кор намекунад


Вазири нафти Арабистони Саудӣ Холид ал-Фалиҳ
Вазири нафти Арабистони Саудӣ Холид ал-Фалиҳ

Арабистони Саудӣ назорат мебарад, ки хуруҷи ИМА аз созиши ҳастаӣ бо Теҳрон ба бозори нафт чӣ таъсир мерасонад ва омодааст холигоҳи нафти Эронро дар бозор пур кунад. Саудӣ ҳамзамон мегӯяд, ки аз ҳама гуна иқдоми якҷониба дар ин самт худдорӣ хоҳад кард. Дар ин бора Reuters рӯзи панҷшанбе бо такя ба манбаи наздик ба Созмони кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт гузориш дод.

Намояндаи Қувайт дар ин созмон низ изҳороти монанд ба Саудиро пахш кард. Созиш дар заминаи коҳиш додани истеҳсоли нафт дар байни кишварҳои узви ОПЕК то охири соли равон амал мекунад. Мулоқоти навбатии Арабистони Саудӣ, Иморати Араб, Русия ва давлатҳои дигари истеҳсолкунандаи нафт ба 22-23 май барномарезӣ шудааст.

Президент Доналд Трамп рӯзи 8 май Арикоро аз созиши ҳастаӣ бо Эрон - Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак, ки соли 2015 имзо шуда буд, хориҷ кард ва гуфт, ки алайҳи "режими оятуллоҳҳо" шадидтарин таҳримро ҷорӣ мекунад. Бар пояи созиши ҳастаӣ, Эрон муваззаф шудааст, ки дар ивази лағви таҳримҳо барномаҳои ҳастаияшро маҳдуд кунад.

Ирон дар раддаи кишварҳои узви ОПЕК баъди Саудӣ ва Ироқ ҷойи сеюмро дорад. Баъди лағви таҳримҳои байналмилалӣ истеҳсоли нафти Эрон аз 1 миллион бушка ба 2,5 миллион расид, ки бахши умдаи он барои содирот ба кишварҳои Осиё аст. Пешгӯӣ мешавад, ки бо бозгашти таҳримҳои ИМА истеҳсоли рӯзонаи нафт дар Эрон аз 200 ҳазор то 1 миллион бушка коҳиш меёбад.

XS
SM
MD
LG