Рӯзи чаҳоршанбе, як рӯз пас аз хуруҷи ИМА аз созиши ҳастаӣ бо Теҳрон, намояндагони мардумӣ дар порлумони Эрон ба нишони эътироз парчами Амрико ва нусхаи Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ)-ро оташ заданд. Дар ин бора матбуоти Эрон хабар медиҳад.
Ин ҳодиса субҳи 9-уми май дар ҷаласаи бози порлумон сурат гирифт. Тавре хабаргузории Reuters мегӯяд, дар порлумон аз ҳукумати Эрон даъват шуд, ки ба Амрико посухи ҳамвазн бидиҳад.
Президент Доналд Трамп рӯзи 8-уми май Амрикоро ба таври якҷониба аз созиши ҳастаӣ бо Эрон хориҷ кард. Қарордоди Теҳрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ, ки соли 2015 ба имзо расид, лағви таҳримҳои байналмилалӣ бар ивази даст кашидани Эрон аз барномаҳои ҳастаиро дар назар дорад.