Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарси кафшеру дуредгарӣ барои маҳбусони тоҷик


Садҳо зиндонӣ дар Тоҷикистон ба дарсҳои кафшеру дуредгарӣ ҷалб шуда, дар шароити маҳбас ҳунар ва касберо меомӯзанд, ки баъди тарки зиндон кардани онҳо дар озодӣ барояшон нон медиҳад.

Рӯзи 7 май дар муассисаи ислоҳии шаҳри Ёвон маросими оғози давраи омӯзишии ҳунарҳои кафшеру дуредгарӣ баргузор шуд. Лоиҳаи “Ҳимояи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ва шахсони аз маҳбас озодшуда дар Тоҷикистон”, ки бо пуштибонии Иттиҳодияи Аврупо ва Вазорати федералии Олмон оид ба рушд ва ҳамкориҳои иқтисодӣ маблағгузорӣ мешавад, бо ширкати сафири Олмон дар Тоҷикистон Найтхарт Хёфер-Виссинг, роҳбари минтақавии DVV International дар Осиёи Марказӣ Леван Квачадзе ва раҳбарияти маҳбасҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Иззатуллло Шарифзода, муовини вазири адлияи кишвар баргузор гардид.

Барои баргузории дарсҳои омӯзишӣ дар зиндони Ёвон синфхона ва коргоҳҳо таъмир шуда, бо лавозимоти муосир муҷаҳҳаз шуданд. Дар ҷараёни ин маросим дипломатҳои аврупоӣ тавонистанд ба таври ғайрирасмӣ бо чанд зиндонӣ ҳам сӯҳбат кунанд.

Муаллифи ин лоиҳа – созмони DVV International мегӯяд, ки лоиҳаи омӯзиши ҳунарҳои сохтмонӣ ду сол идома карда, бар асоси он 450 маҳкумшуда дар муассисаҳои ислоҳии №3/8 дар шаҳри Норак ва №3/6 дар шаҳри Ёвон, инчунин 800 нафар собиқ маҳкумшудаҳо дар 10 шаҳру навоҳии кишвар таълим дода мешаванд. Муаллифон умед доранд, ки ҳунарҳои мазкур дар барқарории иҷтимоии зиндониҳо ва ҳам ихтисоси касбу шуғли муайян дар оянда барояшон кӯмак мекунад. Умеди аслии онҳо ин аст, ки баъди баромадани зиндониҳо ба озодӣ аз роҳи касби худ метавонанд рӯзӣ ёфта ба зиндагии осоиштаву бидуни ҷиноят рӯ биёранд.

Нурулло Бекназаров, як масъули муассисаи ислоҳии ноҳияи Ёвон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ рӯзи 7 май гуфт, ки дар гузашта мардони маҳкумшуда ба зиндон барои мактабҳо миёна мизу курсӣ месохтанд. Вай гуфт, як бартарии курсҳои нави омӯзишии зиндониҳо ин аст, ки бо таҷҳизоти наву замонавӣ кор мекунанд. Як масъули дигари зиндонҳо гуфт, ки баъди азхуд кардани ҳунарҳо, зиндониҳо метавонанд дар ҷараёни кор амру фармоиши муштариёнро иҷро кунанд ва даромад аз кори анҷомдодаи онҳо барои харҷи онҳо дар зиндон масраф мешавад.

Дар соли 2014 бо талошҳои созмони «DVV International” дар зиндони занонаи шаҳри Норак ҳам дарсҳои омӯзиши ҳунари дӯзандагӣ ва қаннодӣ таъсис шуд. Ин дарсҳо барои бисёр занони ҷинояткарда шонси хуби бозгашт ба ҳаёти соливу бидуни ҷиноятро фароҳам овард. Он замон масъулин гуфтанд, ки барои дарёфти ҳақи ширкат дар ин дарсҳо, заноне роҳ дода мешаванд, ки ҷиноятҳои сабук содир кардаанд.

Дар муассисаҳои ислоҳиву зиндонҳои Тоҷикистон, ки шуморашон ба 18 адад мерасад, бино ба омори соли 2016 - 12 ҳазор нафар нигаҳдорӣ мешуд. Дар гузашта мақомот мегуфтанд, ки барои мардони зиндонӣ ташкили кор дар дохили зиндон як мушкил аст ва вобаста аз имкониятҳои муассиса ва маблағгузорӣ, маҳбусон бо истеҳсоли коғази ташноб, хиштрезӣ, сандуқсозӣ ва корҳои кишоварзӣ мекунанд. Дар фурсати фориғ аз кор, имкони китобхонӣ доранд.

Видеоҳои охирин

Бархӯрди мотосиклҳо ҳангоми ҷашни Рӯзи Бастилия дар Фаронса
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:32 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG