Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздоштшудаҳои эътирози "Ӯ шоҳи мо нест" -ро ба додгоҳ мебаранд


Пулиси Русия ҳангоми боздошти фаъолони мухолифин
Пулиси Русия ҳангоми боздошти фаъолони мухолифин

Дар Санкт Петербург беш аз 40 нафар барои иштирок дар намоиши эътирозии "Ӯ шоҳи мо нест" боздошт шуд, ки рӯзи 5 май алайҳи даври чаҳоруми раёсати президент Путин эътироз карданд.

Рӯзи якшанбе додгоҳ 85 ҳукми ҷарима, бо шумули ҷаримаҳои калони то 170 000 рубл ва ҳабсҳои маъмуриро содир кард. Дар робита ба ҳар як боздоштшуда протоколи саркашӣ аз дастури қонунии корманди пулис ва нақзи тартиби ҷамъомадҳо омода шуд.

Алайҳи Михаил Цакунев - сокини 25 солаи Санкт Петербург, ки ба зӯроварӣ алайҳи корманди пулис муттаҳам шудааст, парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Ба гуфтаи мақомот ӯ дандони як корманди пулисро шикаст.

Биноба маълумоти "ОВД-Инфо" 1600 нафар дар 27 шаҳри Русия боздошт шуд. Боздоштҳои бештар ба Маскав рост меоянд - 719 нафар.

Раҳбари Шӯрои ҳуқуқи башари таҳти идораи президенти Русия Михаил Федотов мехоҳад аз мақомоти пулис шарҳи ин ҳолатро дархост кунад, ки чаро казакҳо ва аъзои созмонҳои ба ном ватанпарастон "Ҷумбиши милии озодихоҳӣ" ба ҳифзи тартибот ҷалб шудант ва ташаннуҷ эҷод карданд.

Пештар аз ин нашрияи The Bell гуфт, ки ба ном казакҳо, ки ба иштирокдорони намоиши эътирозӣ ҳамла карданд, аз ҷониби ҳукумати шаҳри Маскав сармоягузорӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG