Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ӯ подшоҳи мо нест". Тазоҳуроти зидди Путин. ВИДЕО


Ду рӯз қабл аз маросими савгандёкунии Владимир Путин дар Русия тазоҳуроти мухолифин бо номи "Ӯ подшоҳи мо нест" баргузор шуд. Бино ба хабарҳо, дар чанд шаҳри Русия беш аз дусад нафар, аз ҷумла раҳбари мухолифон Алексей Навалний дар Маскав, боздошт шудааст.

Тазоҳурот дар пойтахт бе ризоияти шаҳрдорӣ сурат мегирад. Дар додситонӣ ба тарафдорони Навалний аз паёмадҳои гирдиҳамоии бидуни иҷоза ҳушдор додаанд.

​Владимир Путини 65-сола дар интихоботи моҳи марти имсол баранда эълон шуд. Вай рӯзи 7-уми май бори чаҳорум ба ҳайси президенти Русия қасам ёд хоҳад кард.

Путин бори аввал соли 1999 зимоми қудратро ба даст гирифт. Як давра нахуствазири Русия буд.

Пахши зинда аз ин гирдиҳамоӣ дар инҷост:

Гузоришҳои видеоӣ

Низоми интиқоли пули муҳоҷирони тоҷик аз Русия тағйир меёбад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:41 0:00
XS
SM
MD
LG