Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби ҳокими Арманистон ҳизби мухолифин мешавад


Армен Ашотян
Армен Ашотян

Сарфи назар аз ишғоли бахши умдаи курсиҳо дар порлумон, ҳизби ҳокими Ҷумҳурихоҳи Арманистон аз ин ба баъд худро ҳизби оппозитсиюни ҳисоб мекунад. Дар ин бора Армен Ашотян, муовини раиси ҳизб ба Associated Press рӯзи 4 май хабар дод. Ӯ тасдиқ кард, ки ҷумҳурихоҳон аз номзадии раҳбари мухолифин Никол Пашинян ба мақоми нахуствазир ба ду шарт пуштибонӣ мекунанд - агар ӯ барои пушитибонӣ аз номзадиаш имзои кофӣ биёрад ва кӯчаҳо ором бошанд. Ба гуфтаи Ашотян, мақомот бо ин шева аз бурузи бӯҳрони сиёсӣ ҷилавгирӣ мекунанд.

Интихоби нахуствазир дар порлумони Арманистон ба рӯзи 8 май барномарезӣ шудааст.

1 май намояндагони мардумӣ дар порлумон ба муқобили номзадии Пашинян овоз доданд ва ӯ ба мақоми нахуствазир интихоб нашуд. Рӯзи 8 май нахуствазирро дубора интихоб мекунанд, баъдан порлумон пароканда ва рӯзи интихоботи нав эълон мешавад.

Тазоҳуроти саросарӣ дар Арманистон миёнаҳои моҳи апрел оғоз шуд. Эътирозгарон нахуст истеъфои Серж Саргсянро талаб карданд, ки баъди солҳо президентӣ акнун ба курсии нахуствазирӣ нишаста буд. Аммо баъди истеъфои Саргсян талаби интихоби Никол Пашинян ба мақоми нахуствазир матраҳ шуд. Дар эътирозҳои мусолиҳатомези Арманистон ҳазорон нафар иштирок кард

XS
SM
MD
LG