Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғафур Раҳимов мехоҳад аз феҳрасти таҳримҳои Амрико берун шавад


Ғафур Раҳимов (аз чап)
Ғафур Раҳимов (аз чап)

Тоҷири маъруфи Узбекистон Ғафур Раҳимов ба вакилонаш дар Вашингтон ва Лондон дастур додааст, ки ӯро аз зери таҳримҳо берун кунанд.

Раҳимов инро дар изҳороте пахш кард, ки ахиран расонаӣ шуд.

Вакилони дифои Ғафур Раҳмов овозаҳоеро, ки зерҳимояи онҳоро олами ҷиноӣ рабт медиҳанд, бахше аз маъракаи ҳадафмандонаи таъқибҳои сиёсии Ғафуров арзёбӣ мекунанд. Ин маъракаи таблиғҳоро духтари президенти пешини Узбекистон роҳандозӣ карда буд ва ҳадаф ғасби тиҷорати Раҳимов маънидод мешавад.

Баъди сари қудрат омадани президенти нав дар Узбекистон маълум шуд, ки Интерпол ҷустуҷӯи тоҷир Раҳимовро қатъ кардааст. Соли 2012 вазорати молияи ИМА зидди Ғафур Раҳимов таҳрим ҷорӣ кард. Он замон ИМА мегуфт, "Раҳимов яке аз роҳбарони созмони ҷиноӣ буда, ба истеҳсоли ғайриқонунии маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ машғул аст".

Раҳимов соли 2010 аз Узбекистон хориҷ шуд ва аз он замон то кунун дар Дубай истиқомат мекунад.

XS
SM
MD
LG