Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифатҳо ба оғози раванди тавзеи шиносномаҳои нав дар Афғонистон


Оғози расмии раванди тавзеи шиносномаҳои электронӣ дар Афғонистон ба назар мерасад, ки ин кишварро ҳоло ба сӯи боз як бӯҳрони дигари сиёсӣ ва иҷтимоӣ мебарад.

Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон имрӯз, панҷшанбеи 3-юми май тайи як маросим ба унвони нахустин фард дар кишвараш шиносномаи электронӣ дарёфт кард ва ба ин раванд оғози расмӣ бахшид.

Пеш аз ин шуморе аз шахсиятҳои барҷастаи сиёсӣ дар Афғонистон, аз дарҷи калимаи "афғон" дар шиносномаҳои электронӣ мухолифат карда буданд.

Ҳамроҳи оқои Ғанӣ ҳамчунин муовини дувуми ӯ Сарвар Дониш, раиси порлумони он кишвар Абдурауф Иброҳимӣ, мушовири амнияти миллӣ Ҳаниф Атмар ва дигар мақомҳои ҳукуматӣ шиносномаи электронӣ дарёфт кардаанд.

Раиси ҷумҳури Афғонистон дар маросим оғози расмии тавзеи шиносномаҳои электронӣ гуфтааст, "ҳукуматдорӣ, рушди иқтисодӣ ва ирои хадамот дар қарни 21 бидуни маълумот сурат гирифта наметавонад. Бинобар ин тавзеи шиносномаҳои электронӣ ба ин раванд мусоидат мекунад."

Оқои Ғанӣ гуфтааст, муҳимтарин сабабе, ки имрӯз барои оғози тавзеи шиносномаҳо интихоб шуд, ҳамлаҳои террористии рӯзи душанбеи 30-юми апрел дар Кобул буд, ки бар асари он ҳудуди 25 нафар, аз ҷумла 9 хабарнигор ҷон бохтанд.

Аммо Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроия дар ҳукумати ваҳдати миллии Афғонист, ки дар ин маросим ҳузур надошт, тайи як нишасти хабарӣ бори дигар бо оғози раванди тавзеи шиносномаҳои электронӣ мухолифат кард. Вай гуфт, ки дар ин масъала миёни раҳбарони ҳукумат тавофуқ вуҷуд надорад ва "ин тасмим машруият надошта ва ин даъват ба эҷоди боз як бӯҳрон аст."

Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар вокуниши тунди худ, ки ба таври мустақим аз телевизонҳо пахш шуд, гуфт, "оғози раванди тавзеи шиносномаҳои электронӣ авомфиребие беш нест". Пеш аз ин шуморе аз шахсиятҳои барҷастаи сиёсӣ дар Афғонистон, аз дарҷи калимаи "афғон" дар шиносномаҳои электронӣ мухолифат карда буданд.

Корти шиносоии электронӣ, ки ҷойгузини шиносномаҳои коғазӣ мешавад, ба миллат, дин ва қавми афрод ишора мекунад. Ҷой кардани қавмият дар ин корт бисёр муноқишабарангез буд. Тавзеи шиносномаҳои электронӣ дар ҳоле оғозшуд, ки тақсими шиносномаҳои варақӣ барои сабти ном дар интихоботҳои порлумонӣ ва шӯрои ноҳияҳо аз охири моҳ апрел оғоз шудааст.

Мақомҳои Афғонистон умедворанд бо судури шиносномаи электронии нав, ки дарбаргирандаи маълумоти биометрӣ аст, аз мизони тақаллуб дар интихоботи дарпешистода пешгирӣ кунанд. Аммо оғози раванди судури ин кортҳо шиносоӣ ба таъхир афтод. Ва ҳоло бо ихтилофи назар миёни Ашраф Ғанӣ ва шарики ӯ дар қудрат Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар мавриди ин раванд, маълум нест, ки он ба куҷо мерасад.

XS
SM
MD
LG