Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе иҷлосияи якҷояи порлумон баргузор мешавад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Қарор аст, рӯзи 11-уми май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи порлумони Тоҷикистон баргузор шавад. Қарор дар ин заминаро Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон рӯзи 25-уми апрел қабул кардааст.

Дар ин қарор гуфта нашудааст, ки дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон кадом масоил баррасӣ ва кадом қонуну санадҳо қабул мешавад. Айни замон дар ҳамон рӯз ва соати 9 Маҷлиси миллии Тоҷикистон низ ҷаласа хоҳад дошт ва дар он

Қонунҳо «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани ­тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи маориф», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», «Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба номивазкунии баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳрҳои Истаравшан, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд» ва иддае аз санадҳои дигарро баррасӣ мекунад.

Дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон умдатан қонунҳои муҳиме баррасӣ ва қабул мешаванд.

XS
SM
MD
LG