Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба намоиши “Гумроҳон” дар Тоҷикистон иҷозат доданд. ВИДЕО


Нақши модари ранҷдидаро Заррина Бадалова бозидааст

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба намоиши “Гумроҳон” дар театрҳои кишвар иҷоза додааст.

Ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ аз соли 2014 ошкор шуд ва авҷи он ба соли 2015 рост омад.

Ҷалби ҷавонон ба сафи гуруҳҳои тундрав, марги ду бародар дар ҷанги Сурия ва талаби модари танҳо барои поён ёфтани даҳшатафканиҳо дар Ховари Миёна аз муҳтавои аслии намоишномаи “Гумроҳон” аст. Ин намоишномаро ҳунарманди Театри ҷавонон Далер Мирхонов рӯи саҳна овард.

Мирхонов рӯзи 28-уми апрел гуфт, намоишнома дар асоси қиссаҳои воқеии хонаводае таҳия шудааст, ки фарзандонашон ба майдонҳои ҷанг Ховари Миёна рафтаанд. “Баъзе аз наворҳое, ки дар намоишнома истифода шуд, албатта, моли мақомот буд”, - афзуд ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Намоиши "Гумроҳон" дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:05 0:00

Саҳнаи театр ҳангоми намоиши таҷрубавӣ бо овеза ва тасвирҳои таркишу хунрезӣ ва чеҳраҳои силоҳбадастони ифротгоро “ороиш” ёфта буд.

Заррина Бадалова, ҳунарманди театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, дар ин намоишнома нақши асосиро бозидааст. Ӯ гуфт, иҷрои нақши модаре, ки синнаш ба шаст расида, бар изофа алами фарзандони дар Сурия будаашро мекашад, осон нест.

Далер Мирхонов
Далер Мирхонов

Намоишномаи “Гумроҳон” бозгӯи рӯзгори садҳо хонаводаи тоҷик аст, ки бо шурӯи даргириҳо дар Ховари Миёна оромиву зиндагиашонро баҳам зад. Даҳҳо нафарашон дар ҷангҳо кушта шудаанд ва сарнавишти садҳо нафари дигар номаълум аст.

Масъулони Театри ҷавонон мегӯянд, тасмим доранд, рӯзҳои наздик ин намоишномаро ба тамошобинон пешниҳод кунанд. Шӯрои бадеии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон низ намоишномаи “Гумроҳон”-ро барои тамошои омма иҷозат додааст.

Толибҷон Бобоев, раҳбари Театри мазкур гуфт, қабл аз таҳияи намоишнома аз адибон хоста буданд, ки бо чунин мазмун сенарияеро пешниҳод кунанд. Аммо, ба гуфтаи ӯ, “то ба ҳол касе чунин идея пешниҳод накард. Ҳунарманди ҷавони театр “Гумроҳон”-ро рӯи саҳна овард, ки ба боварам писанди тамошобинон хоҳад шуд.”

Толибҷон Бобоев
Толибҷон Бобоев

Бобоев гуфт, мехоҳанд аз ин тариқ дар маъракаи ҷилавгирӣ аз ифротишавии ҷомеа, бахусус ҷавонон, то ҳадде саҳм бигиранд.

Ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ аз соли 2014 ошкор шуд ва авҷи он ба соли 2015 рост омад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки беш аз ҳазор шаҳрванди кишвар барои ширкат дар ҷангҳо ё ба истилоҳ “ҷиҳод” ба ин ду кишвар рафтаанд.

Сафари беш аз 90 дарсади онҳо аз тариқи Туркия сурат гирифта буд. Сарнавишти аксари онҳое, ки ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, рӯшан нест. Мақомот мегӯянд, дар тӯли се соли охир наздик ба 70 нафар бо эҳсоси пушаймонӣ ба ватан баргашта, аксари онҳо мавриди афв қарор гирифтаанд.

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG