Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Текебоев дубора мавриди назорати видеоӣ қарор гирифт


Омурбек Текебоев
Омурбек Текебоев

Хадамоти зиндонҳои Қирғизистон мегӯяд, назорати видеоии раҳбари ҳизби мухолифи "Ота-Макон" ва вакили пешини порлумони ин кишвар Омурбек Текебоев дар маҳбаси рақами 47 дубора аз сар гирифта шуд.

Ба огаҳии хадамот, дурбини назоратиро 25 апрел бо розигии зиндонӣ дар ҳуҷраи ӯ дубора насб карданд. Ин дурбин 11 апрел баъд аз як дастури сарвазири пешини Қирғизистон Сафар Исҳоқов аз ҳуҷраи Текебоев гирифта шуда буд.

Бори нахуст, 29 январи соли равон ошкор шуд, масъулони маҳбаси №47-и Қирғизистон дар ҳуҷрае, ки раҳбари Ҳизби мухолифи "Ота-Макон" нигаҳдорӣ мешавад, дурбини назоратӣ насб кардаанд. Мақомот гуфтанд, ин кор бо ҳадафи таъмини амният шудааст, аммо ҳомиёни ҳуқуқ ва худи зиндонӣ аз он норозӣ буданд.

Омурбек Текебоев ва ҳамҳизби вай Дуйшенқул Чотонов моҳи августи соли гузашта ба гирифтани 1 миллион доллар пора дар доираи парвандаи ширкати "Мегаком" айбдор шуда, бо мусодираи амвол 8 солӣ зиндонӣ гаштанд. 2 октбяр додгоҳи шаҳрии Бишкек қарори додгоҳи ноҳиявиро бетағйир гузошт. Зиндониҳо парвандаашонро сиёсӣ меноманд.

XS
SM
MD
LG