Хисороти эҳтимолии бизнес аз муборизаи Русия барои масдуд кардани паёмрасони Telegram, то охири соли 2018 $2 миллиард хоҳад шуд. Ширкатҳои Русия эҳтимолан $1 милилард зарар мебинанд. Хисороти Amazon ва Google низ ҳамин миқдор хоҳад буд. Дар ин бора дабири кулли барномаи нармафзори Flexbby Андей Прокофьев дар як нома ба ваколатдори интернет Дмитрий Мариничев хабар дод.
"Ин бисёр як сенариои дилсардкунанда аст",- гуфт Прокофьев. Дар ин ҳол, ба гуфтаи ӯ, аз тақсими нави бозор "Ростелеком", Mail.ru.Group, "Yandex" ва Microsoft бурд мекунанд.
Рабҳари Flexbby мегӯяд, бояд ба қонун таъғирот ворид шавад, то ҳолатҳое, ки "хадамоти ҳаётан муҳими бизнеси Русия ба таври якҷониба масдуд мешаванд", ҷой надошта бошад. Ба гуфтаи Прокофьев ҳудуди 400 муассисаи Русия, ки аз Google ва Microsoft истифода мекарданд, хисорот диданд.
Рӯзи 25 апрел Ҷамъияти кормандони илимии Русия дар як муроҷиат аз нахуствазир Дмитрий Медведев талаб кард, ки "аз фаъолияти зараровари Роскомнадзор" пешгирӣ кунад. Ба гуфтаи олимон, кормандони ин идора бояд масъулияти зарарҳои воридшударо бар дӯш бигиранд. Рӯзи гузашта аз халал дар кори сомонаҳо, ки кори илмӣ бе дастрасӣ ба онҳо имкон надорад, Шӯрои илмии назди Вазорати маорифи Русия низ хабар дод.
16 апрел додгоҳе дар Маскав амри оҷилан бастани шудани паёмрасони Тelegram-ро содир кард. Ҳукм баъди он содир шуд, ки раҳбарияти Telegram бо такя ба банди Қонуни асосӣ дар бораи мукотибаи маҳрамона, аз додани калиди паёмҳои корбарон ба Хадамоти амнияти Русия сарпечӣ кард. Ҳамон рӯз Роскомнадзор Telegram-ро ба феҳрасти замимаҳои мамнӯъ дар Русия ворид намуд.