Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоколодҳои серхаридори Нодира аз Русия то Тоҷикистон. ВИДЕО


Нодира Турсунова.

Таъми шоколаде аз Олмон дар хурдсолӣ, роҳи ояндаи Нодираро муайян кард. Нодира, имрӯз дар Русия як роҳи ғайриоддиву ҷолиби даромади худро дорад. Вай аз шоколад армуғонҳои зебо омода ва пешниҳоди харидорон мекунад. Мегӯяд, ҳамааш аз як ҳадяи дӯстони падараш, шурӯъ шуд.

"Вақте мебинӣ, ки мизоҷ аз кори ту розӣ аст, нерӯ ва илҳоми бештар мегирӣ",-мегӯяд Нодира.

"Дар хурдсолӣ дӯстони падарам аз Олмон шоколад мефиристоданд, таъмин он шоколад дар ёди ман монд. Баъдан солҳои ҷанг тавре шумо медонед, мо на танҳо бо шоколад, балки бо нон ҳам мушкил доштем. Дар он шароит ҳам қадри имкон модарам шоколадҳои русӣ мехарид, вале ин таъм дигар буд. Баъдан замони донишҷӯӣ аз пайи ҷустуҷи курсҳои шоколадсозӣ шудам."

Шоколодҳои Нодира -- тӯҳфаи хос барои дӯстон

Нодира Турсунова, яке аз даҳҳову садҳо духтарони тоҷик аст, ки имрӯз дар Маскав кору зиндагӣ дорад, аммо ба фарқ аз бисёре аз ҳамсолони муҳоҷираш, тавре худи ӯ мегӯяд, кори ҷолиб дорад. Коре ки зиндагиашро дур аз Тоҷикистон ширину рангин кардааст. Ӯ аз шоколади хом метавонад ҳар чизе, ки як нафар мехоҳад барояш омода кунад. Шоколадҳои ӯро маъмулан мардум чун тӯҳфаи хос барои наздикону дӯстони худ мегиранд.

Шоколодҳои серхаридори Нодира аз Русия то Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:40 0:00

Нодира мегӯяд, ки дар Маскав афроди сарватманд зиёданд ва мардум ҳар бор мехоҳанд наздикону дӯстони худро бо тӯҳфаҳои зебову ғайриоддӣ дар ҳайрат гузоранд. Ин аст, ки ба гуфтаи ӯ, хоҳишмандон меоянд ва барои ёру дӯстон ва шиносҳояшон аз табақаҳои мухталифи ҷомеа тӯҳфа фармоиш медиҳанд. "Бояд тӯҳфае таҳия кунам, ки онҳоро дар ҳайрат монад. Инҷо аллакай мо тахаюлро кор мефармоем. Аввал мефаҳмам, ки ин шахсиятҳо ба чӣ бештар шавқ доранд."

Аз ширкати қаннодӣ то фабрикаи шоколодҳо

Нодира 8 соли пеш дар таътил барои кор ба Русия рафт. Корро дар як ширкати қаннодӣ шурӯъ кард. Баъдан дар курсҳои махсус таҳияи шоколадҳои табиӣ ва бо дизайни хосро аз худ кард. Имрӯз дар як фабрика ва осорхонаи шоколадҳо дар шаҳри Кирови Русия фаъолият дорад. Ҳамин тавр шоколадҳои хоси омодакардаи худро бо номи “Надӣ” пешниҳоди дӯстдорони шириниҳои ғайриоддӣ мекунад.

"Ман аслан аз шоколадҳои истеҳсоли Белгия истифода мекунам. Аслан шоколаҳои Белгия, Фаронса ва беҳтарин шоколад дониста мешаванд. Муҳим дар ин кор риоя кардан чанд меъёр, аз ҷумла дуруст нигоҳ доштани ҳарорати шоколади обкардашуда аст. Агар шоколад сафед бошад, мо онро бояд то 25 -26 дараҷ хунук кунем. Агар шоколади сафед истифода барем, бояд ҳарорати он то 27 дараҷа бошад. Ҷараёни ин кор ҳам аз 3 марҳила иборат аст. Агар каме дар ин кор ба иштибоҳ роҳ диҳед, шоколад метавонад бо шакле, ки шумо мехоҳед омода нашавад."

Нодира бо маҳсули дастонаш ба Душанбе омад

Нодира ахиран бо шоколадҳои маҳсули дасти худ меҳмони Душанбе шуд. Тавассути интернет аз афроди зиёд фармоиш гирифта буд, ҳоло ин тӯҳфаҳоро ба соҳибонашон мерасонад. Тӯҳфаи Светлана Алексеевна, ки дар солгарди туй, барои шавҳараш фармуда буд, ахиран ба дасташ расид. Ӯ мехоҳад шавҳарашро бо қутии шоколад дар шакли асбобҳои сохтмонӣ хушҳол кунад. “Шоколадҳо дар ин шакл ва бо даст омода шуда, дар мо набуд. Шаклаш ба ман хеле писанд омад, ҳоло таъмаш бароям маълум нест, аммо умедворам ба шавҳарам писанд меояд ва барои чашидан ба ман ҳам медиҳад."

Светлана Алексеевна.
Светлана Алексеевна.

Ҳоло ягона орзӯи Нодира таъсиси фабрикаи хоси шоколадҳои худ аст. Дар қадами аввал ӯ мехоҳад ин тиҷорати худро дар шаҳрҳои калоне ки ба чунин тӯҳфаҳои талабот ҳаст, ба роҳ монад. Ҳарчанд мегӯяд Нодира, аз Душанбе ҳам акнун фармоиши кам надорад. "Ҳоло дар Душанбе ҳам шароити мардум ва ҳам шаҳр тағйир ёфтааст. Мардуми зиёд майли харидории чунин тӯҳфаҳои ҷолиб ва гаронарзишро доранд."

"Корамро дӯст медорам"

Арзиши шоколадҳои маҳсули дасти Нодира вобаста ба кору вазни шоколад, муайян мешавад. Нархи як қуттӣ шоколад барои харидорони тоҷикаш аз 50 - 60 сомонӣ шурӯъ мешавад. Кори ӯ танҳо аз сохтану ба фурӯш гузоштани шоколад иборат нест. Барои муаррифии маҳсули дасти худ, дар намоишгоҳи шоколадҳо ҳам ширкат мекунад.

Соли 2016 бо либоси шоколадии худ, кӯлоҳу камзул дар як намоишгоҳи махсус иштирок кард. Нодира мегӯяд, корашро хеле дӯст медорд, чун аз ин кор ҳам ҳаловат мебараду ба одамон хушҳолӣ меорад ва ҳам барои ин ба ӯ пул медиҳанд. "Вақте мебинӣ, ки мизоҷ аз кори ту розӣ аст нерӯ ва илҳоми бештар мегирӣ",-мегӯяд Нодира.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG