Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи Сенат Майк Помпеоро ба мақоми Котиби давлатии ИМА тавсия дод


Майк Помпео
Майк Помпео

Кумитаи Сенат дар умури равобити байналмилалӣ, рӯзи душанбе номзадии Майк Помпеоро ба мақоми Котиби давлатии Амрико тавсия дод. Дар райъдиҳӣ 11 сенатор ба тарафдорӣ ва 9 сенатор мухолиф овоз доданд.

Майк Помпео, ки раҳбари Идораи истихбороти Амрико буд, баъди истеъфои Рекс Тиллерсон аз мақоми Котиби давлатӣ, барои ишғоли ин мансаб пешниҳод гирифт. Номзадии ӯ, ба далели наздик буданаш бо Трамп, интиқоди Демократҳоро ба бор овард. Бисёр демократҳо мехостанд дар ин мақом нафари мустақил кор кунад.

Интизор меравад, ки номзадии Помпео ба зудӣ аз тарафи тамоми Сенат, бо шумули се овози демократҳо тасдиқ шавад. Онҳо умедворанд, ки Помпео обрӯи ин идораи дипломатӣ ва буҷаи онро, ки дар соли аввали раҳбарии Трамп коҳиш ёфт, дубора барқарор кунад.

XS
SM
MD
LG