Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон дар иҷрои тарҳи лӯлаи гази Туркманистон иштирок мекунад


Харитаи лӯлаи TAPI
Харитаи лӯлаи TAPI

Узбекистон дар бунёди лӯлаи гази фаромиллии ТАБҲ (Туркманистон - Афғонистон - Покистон - Ҳиндустон) иштирок хоҳад кард. Ин нуктаро президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 23 апрел дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон баён дошт.

Мирзиёев ин тарҳро нақшаи бузург номид, ки омили суботи вазъ дар Афғонистон хоҳад шуд.

Муовини сарвазир ва мудири ширкати "Ӯзбекнафтгаз" Алишер Султонов дар суҳбат бо хабаргузории РИА Новости гуфт, дар ҳошияи гуфтугӯи раҳбарони Узбекистону Туркманистон дастур шудааст, ки барои омӯхтани гузинаҳои иштироки Тошканд дар иҷрои тарҳи ТАПҲ гуруҳи корӣ таъсис ёбад. "Рӯзҳои наздик ҳайати мо барои гуфтугӯ бо ҳамтоёни туркман озими Ишқобод хоҳад шуд", - афзуд ӯ.

Ҳафтаи гузашта манбаи Бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфта буд, ки президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар ҷараёни сафар ба Тошканд аз Шавкат Мирзиёев дар иҷрои тарҳи ТАПҲ кумаки моддиву маънавӣ дархост хоҳад кард.

Бунёди бахши туркманистонии ТАПҲ моҳи декабри соли 2015 оғоз шуд. TAPI Pipeline Company Limited, ҳамоҳангсози бунёди лӯла нақша дорад, ки аз соли 2020 интиқоли газро аз Туркманистон ба Ҳиндустон оғоз кунад. Аз ин лӯла, ки дарозои он ба 1,814 километр хоҳад буд, солона 33 миллиард метри мукааб газ интиқол хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG