Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Mail.ru дар мубориза бо Telegram ба Роскомнадзор кӯмак мекунад


Паёмрасони Telegram
Паёмрасони Telegram

Дар мубораза бо паёмрасони Telegram Mail.ru Group ба Роскомнадзор кӯмак мекунад,- мегӯянд фаъолони Интернет, ки масдудшавиҳоро пайгирӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, Mail.ru рӯзҳои ахир нусхаи истифодаи маҳрамонаи VPN ва қуфлшиканҳои марбут ба Telegram-ро дар ихтиёри Роскомнадзор мегузорад. Тасдиқи ин хабар аз манобеи дигар дастрас нашудааст.

Роскомнадзор талош дорад, дастрасӣ ба Telegram-ро, ки калиди мукотибаи корбаронашро ба Хадамоти амнияти Русия надод, маҳдуд кунад. Дар мубориза бо Telegram, Роскомнадзор 18 миллион IP- адреси бузургтарин ширкаҳтои амрикоиро масдуд кард. Аз ин иқдом дар Русия садҳо хадамоти онлайнӣ, аз ҷумла худи Роскомнадзор осеб дид.

Телеграм ҳоло ҳам фаъол аст ва аз замони маҳдудшавӣ вуруди корбаронаш ба ин паёмрасон бештар шудааст. Иттиҳодияи ҳимоят аз озодиҳои шаҳрвандӣ дар Амрико аз Amazon, Google, Microsoft ва Apple даъват кард, ки аз Telegram пуштибонӣ кунанд ва ба барномарезонаш иҷозат диҳанд, ки IP-адресҳоро бемаҳдудият таъғир диҳанд.

Дар пасманзари масдудшавии Telegram, дар Русия маъракаи табилғотии паёмрасони "ТамТам" оғоз шудааст, ки онҳоро ширкати Mail.ru, вобастаи милиардери наздик ба Кремлин Алишер Усмонов таъсис дод. Мудири кулли Mail.ru Group Добродеев гуфтааст, ки "рабт додани масдудшавии Telegram бо оғози маъракаи "ТамТам" ғалат аст".

XS
SM
MD
LG