Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВАО: Русия омодааст S-300 "Фаворит"-ро ройгон ба Сурия диҳад


Мушакҳои замин ба ҳавои Русия- S-300
Мушакҳои замин ба ҳавои Русия- S-300

Русия эҳтимолан ба зудӣ интиқоли мушакҳои S-300 "Фаворит" ба Сурияро оғоз мекунад. Дар ин бора нашрияи "Коммерсантъ" бо такя ба манбаҳояш гузориш дод. Ҳамзамон, ба гуфтаи нашрия, ба Сурия сохтори зидди мушакие тақдим мешавад, ки дар артиши Русия буданд ва қарор аст дар заминаи онҳо маҷмаи дифои зидди ҳавоии Сурия бунёд шавад.

Қисмҳои S-300 тавассути ҳавопаймоҳоии низомии борбар ва киштиҳҳои ҳарбии Русия интиқол меёбанд,- мегӯяд "Коммерсантъ". Нашрия бо такя ба манбаҳои худ мегӯяд, ки тамрини низомиёни Сурия барои истифодаи аз S-300 "Фаворит"-ҳудуди 3 моҳро дар бар мегирад. Дар марҳилаи аввал мушовирони рус дар минтақаҳои истиқрори "Фаворитҳо" хоҳанд буд.

Соли 2010 қарордоди фурӯши сохтори S-300 ба Сурия бо дархости Исроил лағв шуд, ки аз амнияти ҳарими ҳавоии худ нигарон буд.

Ҳамсӯҳбатҳои "Коммерсантъ" инро соқит намекунанд, ки Исроил, давлате, ки истқрори S-300 дар қаламрави Сурияро шадидан танқид мекунад, эҳтимол онҳоро ҳадаф қарор медиҳад ва паёмадаш барои ҳамаи тарафҳо фалокатбор мешавад.

Рӯзи 14 апрел ИМА, Британия ва Фаронса дар вокуниш ба эҳтимоли истифодаи силоҳи кимиёвӣ аз тарафи ҳукумат дар шаҳри Дума, Сурияро мушакборон карданд. Ғарб масъулияти ҳамлаи кимиёвиро бар дӯши Асад гузошт. Димишқ иттиҳомро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG