Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Фаронса қонуни зиддунақизи муҳоҷиратро тасвиб кард


Эммануэл Макрон ҳангоми суханронӣ дар порлумони Фаронса
Эммануэл Макрон ҳангоми суханронӣ дар порлумони Фаронса

Палатаи поёнии порлумони Фаронса қонуни муҳоҷиратро тасвиб кард, ки чапгароён онро ҳамчун қонуни бисёр шадид ва ростҳо ҳамчун бисёр нарм танқид карданд.

Ассамблеяи Миллии Фаронса рӯзи 22 апрел ин қонунро бо 228 райъ дар муқобили 139 мухолиф, баъди 61 соати баҳс қабул кард.

Ин тарҳ аз тарафи ҳизби президенти Эммануэл Макрон пуштибонии густарда ёфт.

Санад моҳи июн дар палатаи болоии порлумон -Сенати Фаронса баррасӣ мешавад.

Вазири умури дохилии Фаронса Жерард Колламб гуфт, ин иқдом ба хотири "назорати беҳтари муҳоҷират" пиёда мешавад.

Қонуни нав муҳлати баррасии аризаи паноҳандагонро 6 моҳ ва депортатсияи "муҳоҷирони иқтисодӣ"-ро осонтар кард.

Бар пояи ин қонун, онҳое, ки ҳаққи паноҳандагӣ доранд, аз кӯмаки ҳамоиш бо ҷомеа, дастрасӣ ва кор ва забономӯзӣ бархурдор хоҳанд шуд. Фаронса соли гузашта теъдоди рекордӣ - 100 000 паноҳанда қабул кард.

XS
SM
MD
LG