Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куриёи Шимолӣ гуфт, озмоишҳои ҳастаиро мутаваққиф мекунад


Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ
Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ

Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ, гуфт, кишвараш озмоиши силоҳҳои ҳастаӣ ва мушакҳои дурпарвозро боздошта, як макони озмоишии ҳастаиро мебандад. Куриёи Шимолӣ аз 21-уми апрели имсол озмоишҳои ҳастаӣ ва партоби мушакҳои қорапайморо мутаваққиф хоҳад сохт.

Инро хабаргузории “Янҳап”-и Куриёи Ҷанубӣ ба нақл аз хабаргузории давлатии Куриёи Шимолӣ гузориш дод. Дар идомаи ин хабар гуфта шудааст, ки “Куриёи Шимолӣ як макони озмоиши ҳастаиро дар шимоли ин кишвар мебандад, то тааҳҳудашро дар мавриди боздоштани озмоишҳои ҳастаӣ собит кунад.”

Хабаргузории давлатии Куриёи Шимолӣ ҳамчунон гузориш додааст, ки Пхенян ба талошҳои байналмилалӣ барои мутаваққиф сохтани комили озмоишҳои ҳастаӣ хоҳад пайваст.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, тавассути Твиттер ба ин эълони Пхенян вокуниш нишон дод ва онро як пешрафти бузург хонд. Доналд Трамп навишт, ин хабари бисёр хуб барои Куриёи Шимолӣ ва ҷаҳон аст.

XS
SM
MD
LG