Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости 500 вакили аврупоӣ аз конгресси ИМА барои ҳимоят аз созиши ҳастаӣ бо Эрон


Панҷсад намояндаи порлумонҳои Олмон, Фаронса ва Бритониё дар номае аз аъзои Конгресси Амрико хостаанд, ки аз тавофуқи ҳастаии (БАРҶОМ) шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон ҳимоят карда, монеи хуруҷи Амрико аз ин созиш шаванд. Ин нома дар ҳоле мунташир шудааст, ки то анҷоми мӯҳлати додаи Доналд Трамп барои "бартараф кардани нуқсҳои созиши ҳастаӣ", камтар аз як моҳ мондааст.

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон ҳушдор додааст, дар сурате, ки Амрико аз тавофуқи ҳастаии Эрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ хориҷ шавад, ин амал паёмадҳои "бисёр нохушоянде" барои Вашингтон дар пай хоҳад дошт.

Дар номаи ин намояндагон омадааст, "манфиатҳои Амрико ва Аврупо тақозо мекунанд, ки монеи интишори бештари силоҳҳои атомӣ дар минтақае пурошӯб шаванд ва ба ҳамкориҳои худ ба унвони қувваи қобили эътимоди сиёсати ҷаҳонӣ, идома диҳанд". Намояндагони порлумонҳои се кишвари аврупоӣ ҳамчунин аз созиши ҳастаӣ бо Эрон ба унвони як дастоварди бузурги дипломатӣ барои пешгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ, ёд кардаанд.

Ин намояндагон навиштаанд, созиши ҳастаӣ боис шудааст, ки бозрасиҳои бесобиқае дар маврид барномаи ҳастаии Эрон иҷро шавад ва бахшҳои асосии пойгоҳҳои ғанисозии ҳастаӣ аз кор монад ва хатари мусобиқаи аслиҳаи ҳастаӣ ба таври чашмрас коҳиш ёбад.

Намояндагони порлумонҳои Олмон, Фаронса ва Бритониё, ки матни номаи онҳо дар рӯзномаҳои серхонандаи ғарбӣ мунташир шудааст, мегӯянд, аз байн бурдани созишномаи ҳастаӣ ба манбаи дигаре барои даргириҳои вайронгар дар Ховари Миёна ва фаротар аз ин минтақа, табдил мешавад.

Ин нома дар остонаи сафари Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса ва Ангела Меркел, садри аъзами Олмон ба Амрико барои гуфтугӯ бо Доналд Трамп, мунташир шудааст. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико то 12-уми май мӯҳлат додааст, ки "нуқсҳои созиши ҳастаӣ", ислоҳ шаванд.

Доналд Трамп чаҳор шарт барои идомаи ҳамроҳии Амрико бо ин созишнома таъйин кардааст, ки иборатанд аз "дастрасии фаврӣ"-и бозрасони байналмилалӣ ба ҳама маконҳо ва пойгоҳҳои ҳастаии Эрон, доимӣ шудани маҳдудиятҳо барои барномаи ҳастаии Эрон, замонати дигар наздик нашудани Эрон ба сохтани силоҳи ҳастаӣ ва маҳдуд кардани барномаи мушакҳои дурпарвози Эрон.

Ин дар ҳоле аст, ки Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон ҳушдор додааст, дар сурате, ки Амрико аз тавофуқи ҳастаии Эрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ хориҷ шавад, ин амал паёмадҳои "бисёр нохушоянде" барои Вашингтон дар пай хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG