Президенти ИМА Доналд Трамп ва раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун 9 шаҳр, бо шумули Тайланд, Сингапур, Муғулистон ва яке аз кишварҳои Аврупоиро ҳамчун макони мулоқоти зудраси худ баррасӣ мекунанд. . Дар ин бора хабаргузории Bloomberg рӯзи гузашта бо такя ба манбаи худ иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаи хабаргузорӣ, шаҳрҳои Прага, Варшава, Ҳелсинкӣ, Стокҳолм, Осло ва Женева низ ҳамчун макони эҳтимолии вохӯрии раҳбарони ИМА ва Кореяи Шимолӣ дар Аврупо шумурда мешавад.
Маъмурияти Доналд Трамп мулоқот дар Улан-Батор, Бангкок ё Сингапурро аз эҳтимол дур намедонад. Ба навиштаи Bloomberg, гуфтугӯи президентҳои ду кишвар дар Кореяи Ҷанубӣ ё Шимолӣ ва Чин соқит мешавад.
Трамп моҳи март гуфт, ки мехоҳад бо Ким Чен Ун гуфтугӯ кунад. То ҳол ҳеҷ як аз президентҳои амалкунандаи Амрико бо раҳбари Кореяи Шимолӣ мулоқот накардааст. Сана ва макони мулоқот дақиқ нест, аммо охирҳои моҳи май чанд дафъа ҳамчун таърихи баргузории мулоқот дод. Рӯзи гузашта таъид шуд, ки раҳбари Идораи истихбороти ИМА Майк Пампео бо Ким Чен Ун дар Куриёи Шимолӣ мулоқот кардааст.