Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Узбекистон шаҳрдори Андиҷонро муҷозот кард


Шаҳрдори Андиҷон Дилмурод Раҳматуллоев
Шаҳрдори Андиҷон Дилмурод Раҳматуллоев

Шарҳдори Андиҷони Узбекистон Дилмурод Раҳматуллоев, ки барои таҳқири роҳбарони созмонҳои маҳаллӣ, пирони маҳаллаҳо ва мудирони литсейҳо аз сӯи додгоҳ 5 миллион сӯм ҷарима шуда буд, ҳушдори охиринро гирифт.

Нахуствазири Узбекистон Абдулло Орипов, раиси шаҳри Андиҷонро ба ҷалби омӯзгорони мактабҳои миёна ба корҳои маҷбурӣ муттаҳам кард.

Дар навори ҷаласаи рӯзи 17-уми апрел, раиси ҳукумати Узбекистон чанд ҳокимро танбеҳ ва ба шаҳрдори Андиҷон охирин ҳушдорро дод.

21-уми ноябри соли 2017 хабар расид, ки ҳокими Андиҷон мудирони мактабҳо ва коллеҷҳоро бо баҳонаи ба пахтачинӣ нафиристодани шумори кофии одамон "шағол, ҳайвон ва ифлос" номидааст. Дар як ҷаласаи дигар ин ҳоким рӯзи 18-уми ноябри соли гузашта омӯзгори 64-соларо "ифлос" ва "гов" номид.

Пас аз ин ҳодиса Додситонии кулли Узбекистон гуфт, дар рафтори ҳоким нишони ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дида мешавад. 18-уми декабри соли гузашта парвандаи ҳоким ба додгоҳ рафт. Охири соли 2017 додгоҳ ӯро 5 миллион сӯм - муодили 650 доллар - ҷарима баст.

Аммо дар як ҷаласа ибтидои моҳи феврали соли ҷорӣ Дилмурод Раҳматуллоев роҳбарони созмонҳои маҳаллиро, ки нақшаи супоридани оҳанпора ва ҷамъоварии маблағ ба фонди рушди варзиши кӯдаконаро иҷро накарданд, бори дигар "ифлос, шағол, ҳайвон ва гов" номид.

XS
SM
MD
LG