Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Ереван


Маъмурони пулиси зиддиюриш дар Ереван.
Маъмурони пулиси зиддиюриш дар Ереван.

Ба думболи интихоби Серж Саркиссиён ба мақоми нахуствазири Арманистон, дар пойтахт шаҳри Ереван ҳазорон нафар раҳпаймоӣ карданд.

Маъмурони пулис рӯзи 18-уми апрел даҳҳо нафар аз ин тазоҳургаронро дастгир карданд, ки мехоҳанд, эътирозҳо дар Арманистон идома ёбад. Никол Пашиниён, пешвои мухолифони давлат, ки тазоҳургаронро раҳбарӣ мекунад, издиҳоми тазоҳургаронро ба самти хиёбони Маршал Багромиён, ҳидоят кард, ки ба тарафи бинои порлумон мебарад.

Ӯ ваъда дод, ки «муҳосираи» биноҳои муҳими ҳукуматиро идома медиҳад. Маъмурони пулисро ба наздикии Майдони Фаронса сафарбар карданд ва онҳо чанд нафарро дастгир карда ва ҳаракат дар роҳҳоро барқарор намуданд.

Нерӯҳои пулиси зиддиюриш ҳам дар кӯчаҳои наздик ба хиёбони тазоҳургарон истоданд, то ҳаракат дар роҳҳо қатъ нашавад. Мухолифони давлат дар Арманистон Серж Саркиссиён, раиси ҷумҳури собиқро, ки рӯзи 17-уми апрел дар порлумон нахуствазир интихоб шуд, ба ғасби қудрат муттаҳам мекунанд.

XS
SM
MD
LG