Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашни имсолаи Ваҳдат дар Конибодом баргузор мешавад


Соли 2017 иди Ваҳдат дар шаҳри ҳамноми ин ҷашн таҷлил шуд
Соли 2017 иди Ваҳдат дар шаҳри ҳамноми ин ҷашн таҷлил шуд

Ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст то 21-уми солгарди имзои Созишномаи сулҳ ё ҷашни Ваҳдат дар шаҳри Конибодом баргузор шавад. Мақомот мегӯянд, интихоби Конибодом ба ҳайси минтақаи наздисарҳадӣ бо Узбекистон рамзӣ аст. Шаҳри Конибодом дар соле ба ҳайси минтақаи мизбони ҷашни Ваҳдати ҷумҳуриявӣ интихоб шуд, ки муносибати Тоҷикистону Узбекистон пас аз солҳо беҳбуд ёфт.

Асрорхон Ғуфронзода, муовини раиси шаҳри Конибодом рӯзи 18 апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷашни Ваҳдат Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамчунин меҳмонон аз ҳамсоякишвари Узбекистон низ иштирок мекунанд.

Ба қавли ин масъули Ҳукумати Конибодом, дар назар аст, ки бо иштироки Раисҷумҳур майдони Шоҳ Исмоили Сомонӣ бо парчами 40-метра, бинои додситонии шаҳр ва қисмати якуми роҳи Конибодом-Исфара ба истифода дода шавад.

Ҳамчунин ба қавли Асрорхон Ғуфронзода, дар остонаи ҷашни Ваҳдат шабакаи таъмини пурраи аҳолии Конибодом бо оби нӯшокӣ низ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Дар Ҳукумати шаҳри Конибодом ба Радиои Озодӣ гуфтанд, омодагиҳо барои ҷашни Ваҳдати ҷумҳуриявӣ тоза шуруъ шудааст. Дар назар аст, ки ҷашни асосӣ рӯзи 27 март дар Варзишгоҳи марказии ин шаҳр доир гардад.

Дар соли равон Конибодом дуюмин минтақаи ҳаммарз бо Узбекистон мебошад, ки ҷашнҳои асосии ҷумҳуриявӣ дар он баргузор мешавад. Соли равон ҷашни Наврӯзи асосии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, минтақаи дигари ҳаммарз бо Узбекистон доир шуда буд.

21 соли пеш, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав бо сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид миёни ҳукумат ва раҳбарияти Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик Созишномаи сулҳ ба имзо расид. Ҳукумати Тоҷикистон ба раҳбарии президент Эмомалӣ Раҳмон ва мухолифин – бо раҳбарии Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар ин рӯйдоди таърихӣ иштирок карданд. Бар асоси ин созиш аъзо ва тарафдорони мухолифин дубора ба Тоҷикистон баргаштанд, мухолифон афв ва бар асоси шарти 30-дарсадии узвият дар ҳукумат, намояндаҳои оппозитсиюн соҳиби мақому вазифа шуданд.

XS
SM
MD
LG