Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон бандари $2 миллиардиашро ифтитоҳ мекунад


Туркманбошӣ - шаҳри бандарии Туркманистон
Туркманбошӣ - шаҳри бандарии Туркманистон

Туркманистон рӯзи 2 май дар шаҳри Туркманбошӣ бандари байналмилалӣ мекушояд.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон рӯзи 13 апрел дар ҷаласаи ҳукумат гуфт, Туркманистон дар масири муҳими минтақа ва қитъа ҷойгир аст ва бояд зарфияташро ба таври муассир истифода кунад.

Шаҳри Туркманбошӣ, ки дар гузашта Красноводск ном дошт, соҳиби бандари баҳрӣ буд.

"То соли 1991 ба бандари баҳрии Красноводск аз Доғистон, Махачқалъа, Астрахан ва Боку киштиҳои мусофирбар меомаданд. Ҳамчунин киштиҳои борбар низ шино мекарданд", - мегӯяд як таҳлилгар аз вилояти Балкани Туркманистон. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир ин бандар ҳамагӣ аз ду самт - Боку ва Астрахан фаъол аст.

"Ҳоло норушан аст, аз ин бандар, ки бо пули ҳангуфт сохта шуд, кӣ ва чи гуна истифода хоҳад кард", - гуфт таҳлилгар.

Сохтмони бандар дар шаҳри Туркманбошӣ соли 2013 шуруъ шуда буд. Дар сохтмони бандар 2 миллиард доллари буҷаи Туркманистон харҷ шудааст.

XS
SM
MD
LG