Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Павел Дуров: шумори корбарони Telegram коҳиш наёфт


Бунёдгузори Telegram Павел Дуров
Бунёдгузори Telegram Павел Дуров

Сарфи назар аз амалкарди Роскомнадзор, шумори корбарони паёмрасони Telegram дар якшабонарӯзи аввали масдудшавӣ коҳиш наёфт.Дар ин бораи бунёдгузори Telegram Павле Дуров рӯзи 17 апрел хабар дод. Дуров гуфт, ки корбарон барои дастрасӣ ба паёмрасон VPN ва қуфлшиканҳоро ба кор мебаранд.

Дуров барои "садоқат ва пуштибонӣ аз Telegram" ба сокинони Русия изҳори сипос кард. Ӯ ҳамчунин барои иштирок накардан дар "сензураи сиёсӣ"-и ширкатҳои амрикоии Apple Google, Amazon, Micrasoft, ки IP адресҳои онҳо ба делели робитаашон бо Telegram масдуд шуданд, ба русиягиҳо ташаккур гуфт.

Дуров ваъда кард, ки дар тӯли як сол миллионҳо доллари худро ҳамчун грант ба VPN ва "proxy-server"-ҳо медиҳад.

Рӯзи 13 апрел додгоҳе дар Маскав амри оҷилан бастани шудани паёмрасони Тelegram-ро содир кард. Ҳукм баъди он содир шуд, ки раҳбарияти Telegram бо такя ба банди Қонуни асосӣ дар бораи мукотибаи маҳрамона, аз додани калиди паёмҳои корбарон ба Хадамоти амнияти Русия сарпечӣ кард. Ҳамон рӯз Роскомнадзор Telegram-ро ба феҳрасти замимаҳои мамнӯъ дар Русия ворид намуд.

XS
SM
MD
LG