Рӯзи 14 апрел дар натиҷаи як тасодуфи роҳ дар туркманистон 17 кас ҷон бохт. Ин ҳодиса дар наздикии дараи Чулин, минтақаи маъруфи истироҳатии Туркманистон, 20-километрии ғарби шаҳри Ишқобод рух дод.
Як манбаъ дар пулиси маҳаллӣ гуфт, шумори қурбониён то субҳи якшанбе ба 17 нафар расид. Дар мавриди теъдоди захмиён иттилои дақиқе рӯи даст нест.
Пулис мегӯяд, автобус бинобар шумори аз ҳад зиёди мусофирон ва номусоидии бодуҳаво ба садама дучор шуд. Он рӯз дар ин минтақа борон меборид. Ронанда автобусро ҳангоми ҳаракат дар ҷодаи тар натавонист идора кунад ва дар рӯдхонаи канори роҳ сарозер шуд.
Мақомот ва расонаҳои расмӣ чун ҳар вақта дар робита ба садамаи пурқурбонӣ иттилое намедиҳанд.