Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсифи корбарон аз шеваи сафари президенти Қирғизистон ба зодгоҳаш


Дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон аз кишварҳои гуногун сафари ахири президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбековро ба шаҳри Ӯши ин кишвар муҳокима доранд, ки тавассути як ҳавопаймои оддӣ бо шаҳрвандони кишвараш парвоз кардааст.

Сухангӯи президенти Қирғизистон Толгонай Стамалиева сафари Ҷеенбековро ба шаҳри Ӯш тасдиқ кард. "Президент ба хотири иштирок дар маъракаи солгарди марги бародараш ба шаҳри Ӯш сафар кард", - гуфт Стамалиева.

Стамалиева шарҳ надод, ки чаро президенти Қирғизистон на бо ҳавопаймои махсус, балки тавассути як ҳавопаймо ҳамроҳ бо шаҳрвандони оддӣ ба Ӯш сафар кард. Вай танҳо гуфт, ин сафаре буд, ки "хосияти шахсӣ дошт".

Бештари корбарон ин амали президенти Қирғизистонро ситоиш карда, бархе аз онҳо даъват намудаанд, ки бояд аз ӯ ибрат гирифт. Вале дар миёнашон онҳое низ ҳастанд, ки ин амали Ҷеенбековро рафтори маъмулии мансабдоре меноманд, ки набояд аз дигарон фарқ кунад.

Баъзе аз корбарон гуфтаанд, Ҷеенбеков ҳангоми сарвазири Қирғизистон буданаш низ борҳо ҳамроҳ бо шаҳрвандони оддӣ сафар кардааст.

XS
SM
MD
LG