Давлати Тоҷикистон аз Куриёи Шимолӣ хостааст, ки мутобиқ ба қарорҳои Созмони Милал амал карда ва аз ҳаргуна озмоиши аслиҳаи атомӣ даст бикашад.
Дар ин бора вазорати умури хориҷӣ рӯзи 15-уми апрел хабар дод. Дар баёнияи расмии вазорат омадааст, ки масъалаи мазкур рӯзи 13-уми апрел зимни сафари кории Ли Ён Хо, вазири умури хориҷии Куриёи Шимолӣ ба Душанбе баррасӣ шуд.
Зимни мулоқот бо вазири куриёӣ, Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки “Тоҷикистон ба саъю кӯшишҳои Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея барои ҳимояи манфиатҳои худ дар доираи ҳуқуқи байналмилалӣ арҷ гузошта, ҳамзамон аҳамият ва зарурати риояи қатъии қарорҳои дахлдори Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳидро доир ба табдили нимҷазираи Корея ба минтақаи озод аз силоҳи ҳастаӣ таъкид менамояд.”
Дар мулоқот ду вазир дар бораи робитаҳои Тоҷикистону Куриёи Шимолӣ ва масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ сӯҳбат кардаанд. Сироҷиддин Аслов гуфтааст, ки Тоҷикистон ҷонибдори бо роҳи осоишта ҳаллу фасл кардани мушкилоти мавҷуда дар минтақа мебошад.
Куриёи Шимолӣ соли гузашта чанд дафъа озмоишҳои атомӣ анҷом дод ва хашми ҷомеаи байналмилалиро барангехт. Бар асоси қарорҳои Созмони Милал Пхенян ҳаққи сохтани силоҳҳои атомиро надорад.