Пайвандҳои дастрасӣ

Дар мактабҳои шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, аз волидон хостаанд, ки пул ҷамъ оварда, дар таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ саҳм гузоранд. Мақомоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯянд, бояд мактабҳо аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ таъмир шаванд ва ҷамъ кардани маблағ аз волидон мухолифи қонун аст.

Бино ба қонун "Дар бораи маориф" ба ҷуз аз пардохти дарсҳои иловагӣ, ҳамагуна ҷамъоварии пул аз падару модарон қатъиян манъ аст
Сухангӯи Вазорати маориф ва илм

"Чаро аз буҷет пул ҷудо намешавад?"

Бо ин ҳол, аз волидони хонандагон дар Хуҷанд хоста шудааст, ки барои ҳар муҳассил аз 50 то 100 сомонӣ ба хазинаи мактаб супоранд. Аз ҷумла, ба Муҳайё Ҳакимова, сокини маҳаллаи севуми Хуҷанд, гуфтаанд, ки барои таъмири синф 70 сомонӣ бидиҳад. Бар илова, ӯву волидони дигар ба мактаб “аҳд додаанд”, ки ҳар моҳ барои мактаби фарзандашон 10 сомонӣ хайр мекунанд.

лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:04:28 0:00
Линки мустақим

“Аз мақомот гила дорем. То имрӯз тариқи телевизионҳо мегуфтанд, ки барои таъмири мактаб аз падару модарон пул ҷамъ намекунанд. Дар ҳоле ки имсол ҳам пул гирифтанӣ будаанд. Чаро аз буҷет пул ҷудо намешавад?” – гуфт ӯ рӯзи 12-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

"Пули буҷетро ба барқу... об сарф кардем"

Ин нома дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба гардиш даромадааст.
Ин нома дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба гардиш даромадааст.

Абдурасул Қодиров, мудири мактаби рақами 30 дар Хуҷанд, рӯзи 12-уми апрел тасдиқ кард, ки ҷамъоварии маблағ барои таъмири синфхонаҳоро бо волидон машварат доранд. Ӯ гуфт, “маблағе, ки аз буҷет ҷудо мешавад, барои таъмири пурраи мактаб намерасад. Имсол 52 ҳазор сомонӣ ҷудо карда буданд. Барои пардохти маблағи барқ, обу партов, харидани компютеру таъмири мизу курсӣ харҷ кардем. 3 ҳазор сомониаш боқӣ монд. Аз ҳамин сабаб, барои таъмири синфҳо аз волидон дастгирӣ хостем.”

Хайриннисо Иброҳимова, мудири мактаби рақами 8, низ гуфт, як номаи мақомотро дастрас кардаанд, ки дар он тавсия шудааст, барои таъмири бинову иншооти таълимӣ соҳибкорону тоҷирон ва аҳолиро ҷалб кунанд. “Дар ҷаласаи падару модарон қарор шуд, ки барои таъмир барои ҳар хонанда ҳамчун “ёрии ихтиёрӣ” то 50 сомонӣ медиҳанд. Ин маблағро барои таъмири синфхонаҳо сарф мекунем”, - афзуд ӯ.

Ба қавли Хайриннисо Иброҳимова, дар ин соли таҳсил ба мактаб аз буҷети ҳукумат 21 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст, ки онро барои тармими ноқилҳои фарсудаи барқии мактаб масраф хоҳанд кард.

"Вақте ҳукуматҳои маҳаллӣ пул намедиҳанд..."

Мақомоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯянд, ихтисоси маблағ барои нигоҳубини бино ва хариди таҷҳизот аз буҷети ҳукуматҳои маҳаллӣ пешбинӣ шудааст. Эҳсон Сафарзода, сухангӯи Вазорати маориф ва илм, рӯзи 12-уми апрел гуфт, маҷбурӣ ҷамъоварии пул аз волидон барои мактабҳо қонунӣ нест.

“Баъзе шаҳру ноҳияҳо, мутаассифона, ҳамин маблағро намедиҳанд. Мудирони мактабҳо маҷбур мешаванд, ки аз падару модарон барои таъмир пул ҷамъ кунанд. Агар он маблағро мақомот ҷудо мекарданд, мактабҳо пурра таъмир мегардиданд ва ин гуна мушкил ба миён намеомад. Аз рӯи “Қонун дар бораи маориф” ба ҷуз дарсҳои иловагӣ, он ҳам тавассути суратҳисоби муассиса, дигар пул ҷамъ кардан аз падару модарон қатъиян манъ аст”, – гуфт мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Чаро ба ваъда вафо нашуд?

Мақомоти шаҳрдории Хуҷанд тобистони соли гузашта изҳор дошта буданд, ки буҷети шаҳр барои таъмиру тармими мактаб ва кӯдакистонҳо маблағ дорад. Қабл аз ин, ҳукумати вилояти Суғд гуфта буд, дигар аз падару модарон дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Гулистон, Бӯстон, Истаравшан, Айнӣ, Мастчоҳ ва Бобоҷон Ғафуров барои таъмири бинои мактаб ва кӯдакистонҳо пул ҷамъ намеоранд. Ҳамчунин дар ду – се соли оянда дар 10 шаҳру ноҳияҳои боқимонда низ ҷамъоварии маблағ аз волидайни хонандагон манъ хоҳад шуд.

Сайфуллохон Раҳматов, муовини мудири маорифи вилояти Суғд, дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки чаро ин ваъдаи мақомот иҷро нагардид ва имсол низ мақомот ба мардум муроҷиат карданд, гуфт: “Ёрӣ ба таъмири мактаб бар дӯши кумитаи падару модарони хонандагон вогузор шудааст. Ин кор ихтиёрӣ сурат мегирад. Касе ҳақ надорад ба таври маҷбурӣ аз падару модарони хонандагон пул талаб кунад. Кӯр - кӯрона барои таъмири мактаб фалон миқдор пул ҷамъ кунед гуфтан, дуруст нест.”

"Пул мепурсанд, донишро назорат намекунанд"

Таъмири мактабҳо бо пули волидон як баҳси бузурге дар миёни мардум дар Тоҷикистон аст, зеро бар асоси қонун, таҳсил дар мактаб ройгон аст. Дар ҳар рустову деҳа аксаран шикоят мешунавед, ки дар мактаб аз бачаҳои онҳо мехоҳанд, “барои ину он пул биёранд.”

Яке аз ин волидон дар шарҳи зери қарори ҷалби аҳолӣ барои тармими мактабҳо навиштааст, “гапе барои гуфтан нест. Ҳукумат пулеро, ки аз ҳисоби молиёт ба буҷа меояд, куҷо мекунад? Дар кӯдакистонҳо низ вазъ чунин аст. Ҳар навъе ки хоҳанд, пул ҷамъ меоранд. Мардуми бечора азоб мекашад, вале касе дониши шогирдонро назорат намекунад.”

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG