Пайвандҳои дастрасӣ

“Мақомот бештар дар ғами гову дин ҳастанд” ВИДЕО


Таҷовузи ҷинсии занон дар Ҳинд як мушкили умда боқӣ мемонад ва бино ба гузоришҳо рӯзона дар ин кишвар то 100 занро таҷовуз мекунанд. Аз ҷумла, дар Деҳлӣ – пойтахти кишвар – рӯзона панҷ зан шоҳиди чунин ҷиноят мешудаанд. Мақомоти Ҳинд ваъда додаанд, ки ин ҷиноятро решакан мекунанд, вале як монеа амалкарди худи пулис будааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Мақомот бештар дар ғами гову дин ҳастанд"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:28 0:00

Як зан дар Ҳинд мегӯяд, соли гузашта даҳону дастони ин ӯро дар зодгоҳаш Раҷастан баста, таҷовуз карданд. Мегӯяд, бародари шавҳараш буд, аммо вақте ба пулис рафт, хостанд, ба касе нагӯяд. Номи зан ба далоили ҳуқуқӣ ифшо намешавад.

“Вақте ба идораи пулис равам, меронанд. Мегӯянд, ки дурӯғ мегӯӣ, вонамуд мекунӣ, ҳеҷ чиз нашудааст. Ба хона меояму мегирям”, - нақл кард ӯ.

Панҷ сол пеш таҷовузи бераҳмонаи духтаре дар Деҳлӣ тазоҳуроти азимеро барангехт ва ҳаракатеро ба зидди таҷовузҳои ҷинсӣ оғоз бахшид. Аммо фаъолон мегӯянд, беамалии пулис ва ҳатто зургӯии онҳо як монеа аст.

Дар Ҳинд таҷовузшудагон умдатан аз тарси доғдор шудани ном ҷиноятро пинҳон медоранд, ҳарчанд дар ин авохир муроҷиатҳо ба пулис зиёдтар шудааст. Ба ҳадде, ки дасти пулис ба баррасиашон намерасад.

Дар Деҳлӣ, ки яке аз хатарноктарин шаҳрҳо барои зан ба ҳисоб меравад, пулис барои бонувон хатти телефонии махсуси муроҷиат ва дарсҳои худмуҳофизатӣ ташкил кардааст. Мадхур Верма, сухангӯи пулиси Деҳлӣ гуфт, “мо фанновариҳоро хуб истифода мебарем. Барои тағйири рафтор кӯшиш мекунем, ки занҳо ҷиноятҳоро гузориш бидиҳанд. Стратегияи мо барои коҳиши ҷиноятҳо ба зидди занон ҳамин аст, то тазмин диҳем, ки бонувон худро дар Деҳлӣ амн эҳсос кунанд.”

Бо вуҷуди ин ҳама, ҷиноятҳои ваҳшиёна ба мисли таҷовузи духтари 8-моҳа дар Деҳлӣ зиёд аст. Ин ҳодиса моҳи январ буд.

Шарда Дикзит, яке аз норозиён гуфт, “пулису мақомот бештар дар ғами гову дин ҳастанд, на дар ғами инсонҳо. Дар фикри занону духтарони кишвар нестанд.”

Таҷовузгари қаҳрамони аввалии мо дар Раҷастан айни замон дар зиндон аст. Агар як умр ҳам бимонад, дарди ин занро кам намекунад. “Зиндагиамро нобуд кард. Зиндагии сагону гурбаҳо аз зиндагии ман беҳтар аст. Саривақт ғизояшонро мехӯранд. Ман ғарқи ғаму андӯҳам. Ғам иштиҳоямро бурд. Фақат мегиряму мегирям”, - гуфт ӯ.

Гиряҳое, ки дар Ҳинд ҳанӯз ҳам зиёд дида мешаванд

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG