Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарғоти 70 миллион тангаӣ дар ғарби Қазоқистон рахна шуд


 Сарбанди дарёи Деркул
Сарбанди дарёи Деркул

Дар вилояти Қазоқистони Ғарбӣ дарғот ё сарбанде рахна шуд, ки онро бо харҷи миллионҳо танга бунёд карда буданд. Ин сарбанд моҳи ноябри соли гузашта дар рудхонаи Деркули наздикии деҳаи Переметнои ноҳияи Зеленовск сохта шуд.

Қарор буд, ки сарбанд барои обёрии заминҳои кишвар хизмат расонад. Мақомот мегӯянд, пудратчӣ сади тахрибшударо барқарор мекунад.

Дар ҳоли ҳозир дар ҷои ҳодиса сохтмончиён фаъолият доранд.

Ширкате, ки сади мазкурро бо 70 миллион танга (наздики 218 ҳазор доллар) сохта буд, вазифадор аст, ки давоми ду соли оянда дарғотро таъмир кунад.

XS
SM
MD
LG