Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мард дар ноҳияи Рӯдакӣ бародарашро бо зарби тайёқ кушт


Як сокини деҳаи Майсазори ноҳияи Рӯдакӣ ба гумони қатли бародараш боздошт шудааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳодисаи куштор нимарӯзи 8-уми апрел дар пайи муноқишаи хонаводагӣ рух додааст. Ба гуфтаи манбаъ, марди боздоштшуда, ки 39-сола мебошад, бародари 46-солаашро бо тайёқи чӯбин ба сар, қафаси сина ва дигар узвҳояш чандин бор зарба задааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки бародари ин марди боздоштшуда дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ба гуфтаи мақомот, дар ҳоли ҳозир аз сӯи пулис ва додситонии ноҳияи Рӯдакӣ тафтишот оғоз шудааст.

XS
SM
MD
LG