Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рафтори раиси ҷумҳури Озарбойҷонро танқид карданд


Илҳом Алиев
Илҳом Алиев

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон мақомоти Озарбойҷонро барои маҳдуд кардани озодии баён сахт танқид кард. Кумита рӯзи 6-уми апрел бо нашри як баёния гуфт, мақомоти Озарбойҷон дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи 11-уми апрел“тамоми минбарҳои расмӣ барои ибрози норизоятиро аз байн бурдаанд.”

Ин созмони ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон мегӯяд, “ба зиндон андохтани журналистон, рабудани онҳо аз хориҷ, муттаҳам кардани онҳо ба тақаллуби молӣ, бастани вебсайтҳо, рахнаи саҳифаҳои иҷтимоии журналистон, манъи сафар ба онҳо” аз усулҳоест, ки ҳукумати раиси ҷумҳур Илҳом Алиев барои хомӯш кардани матбуоти мустақил ва интиқодҳо ба кор бурдааст.

Илҳом Алиев баъди марги падараш дар соли 2003 раиси ҷумҳури Озарбойҷон шуд ва барои саркӯби пайвастаи матбуоти мустақил ҳамеша аз тарафи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва кишварҳои ғарбӣ танқид мешавад.

XS
SM
MD
LG