Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин 11 мақоми баландпояро аз вазифаҳояшон барканор кард


Владимир Путин
Владимир Путин

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи 6-уми апрел 11 мақоми баландпояи ин кишварро аз вазифаҳояшон барканор кард. Ин афрод дар Вазорати умури дохилӣ ва ҳолатҳои фавқулода буданд. То кунун иллати ин барканориҳо рӯшан нашудааст. Пас аз интихоби дигарбораи Владимир Путин ба ҳайси раиси ҷумҳури Русия, бори аввал аст, ки фармони барканории шуморе аз кормандони баландрутбаи кишварашро содир кардааст. Мунтақидон раиси ҷумҳури Русияро ба саркӯби мухолифонаш муттаҳам мекунанд. Иттиҳомоте, ки Путин онҳоро ҳамвора рад намудааст.

XS
SM
MD
LG