Пайвандҳои дастрасӣ

ФСБ: Маълумоти тоҷикҳо дар бораи 8 ҳазор ДИИШӣ дар шимоли Афғонистон санҷида мешавад


Саҳнаи машқи нирӯҳои СҲШ дар Қирғизистон. Соли 2015

"Роҳ ёфтани террористон, аз ҷумла аъзои гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба Афғонистон аз қаламравҳои Сурия ба амнияти кишварҳои узви созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунад", гуфт як мақоми амниятии Русия дар ҷаласаи сохтори зиддитеррористии СҲШ дар Тошканд рӯзи 5 апрел. Муовини аввали раиси Хадамоти амнияти федеролии Русия Сергей Смирнов гуфт, хадамоти вижаи СҲШ методи коҳиши хатароти убури террористон ба марзҳои ин созмонро таҳия кардаанд.

“Муваффақияти фаъолияти нирӯҳои мо дар Сурия боиси он шуд, ки ҷангиён, аз ҷумла аъзои гурӯҳи “Давлати исломӣ” тавассути Эрону Туркия вориди Афғонистон, аз ҷумла ба қаламравҳои шимолии ин кишвар мешаванд”, гуфт ӯ дар сӯҳбат бо журналистон дар Тошканд.

Ба гуфтаи ӯ, раҳбарии ҷангиён аз қаламрави Афғонистон сурат мегирад ва вуҷуди онҳо дар ин кишвар ба кишварҳои узви СҲШ хатар эҷод мекунанд. “Хатар дар тағйири макон кардани ҷангиён аст. дар миёни онҳо шаҳрвандони собиқи Узбекистон, Тоҷикистон ва ҳатто Туркманистон ҳастанд. Ҳарчанд ин кишвар узви СҲШ нест, вале он ҳам мавриди хатар қарор дорад, чун марзи тӯлонӣ бо Афғонистон дорад ва таъмини амнияти он душвор аст”, гуфт Смирнов.

Вай гуфт, ки дар ҷараёни кори сохтори зиддитеррористии минтақавии СҲШ роҳҳои коҳиши хатарҳои убури марз кардани террористон таҳия шудааст.

Смирнов инчунин гуфт, ки маълумоти аз ҷониби Тоҷикистон ироашуда дар заминаи ин ки ба Афғонистон 8 ҳазор ҷангӣ аз Сурия ворид шудааст, санҷида мешавад.

“Дар қаламрави Афғонистон мардуми зиёд аст. Ин маълумот бояд санҷида шавад. Маълумоте, ки дӯстони тоҷики мо ироа кардаанд, мегӯяд, ки тахминан 8 ҳазор нафар аз Сурия ба Афғонистон гузаштаанд”. Дар ин бора "Интерфакс" хабар медиҳад. Смирнов гуфт, ки ин маълумот санҷида мешавад.

Видеоҳои охирин

Сӯзан дар қулфинай аз куҷо пайдо шуд?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:11 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG