Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар паи сӯхтор дар маркази тиҷоратие дар Маскав даҳҳо тан берун оварда шуданд


Дар натиҷаи сӯхтор дар як маркази тиҷоратии шаҳри Маскав, 100 нафар аз дохили бино берун оварда шуданд. Ин маркази тиҷоратӣ махсуси фурӯши маҳсулот барои кӯдакон аст ва вақти оташ гирифтани амборҳои ошёнаи боло боми бино ба замин сарозер шуд. Дар натиҷа як нафар кушта шуд. Сӯхтор дар маркази “Персей для детей” рӯзи 4 апрел сар зад.

Матбуот ва ҳам хадамоти изтирорӣ хабар доданд, ки аз дохили бино 115 нафар берун оварда шуд.

Бинои чорошёнаи маркази тиҷоратӣ 6000 метри квадратӣ буда, дар шарқи Маскав ҷойгир аст. Ҳанӯз маълум нест, ки оё дар дохили бино боз касе мондааст ё на.

Сӯхтори пурфоҷеае, ки дар шаҳри сибирии Кемерово гух дод, бо марги 64 нафар, аз ҷумла 41 кӯдак анҷомид ва суолҳои зиёде дар заминаи риояи меъёрҳои бехатарӣ эҷод кард.

Таҳқиқи сӯхтори Кемерово идома дорад. Президент Владимир Путин он замон гуфт, ки дар оташ гирифтани маркази тиҷоратӣ бепарвоии ҷинояткоронаи масъулони ин фурӯшгоҳ гунаҳгор аст.

XS
SM
MD
LG