Пайвандҳои дастрасӣ

"Юриш"-и малахҳои марокашӣ ба киштзори сокинони Панҷ. ВИДЕО


Камии алаф дар кӯҳистон ва талу теппаҳои баъзе ноҳияҳои Хатлон эҳтимоли ҳамлаи малахҳои марокашӣ ба замини кишти сокинонро бештар кардааст. Кишоварзон аз малахи марокашӣ ба унвони ҳашароти зараррасон ном мебаранд, ки дар авоили моҳи март аз хок берун шуда, ба замину дарахтони сабз ҳуҷум мекунад.

Малах меояд ва ҳама чизро мехӯрад. Боғро нест мекунад. Гандуму бодомро нест мекунад. Парвоз карда ба деҳа меояд.

Дар Кӯҳи Ҳафттеппа, воқеъ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, ин малах ба таври густурда пайдо шудааст. Сокинон мегӯянд, агар мақомот иқдом накунанд ва пеши роҳи малахҳорон нагиранд, ин ҳашарот то 10 рӯзи дигар ба хонаҳои мардум ва киштзорҳо "юриш" хоҳанд бурд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Бим аз ҳамлаи малахи марокашӣ ба киштзорҳо дар Панҷ
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:54 0:00

"Малах нони даҳонамонро гирифт"

Холмурод Чотов, кишоварзи 45-сола дар ноҳияи Панҷ, имсол дар майдони 15 гектар пиёз, пахта ва маҳсулоти дигари полизӣ кишт кардааст. Ӯ рӯзи 4-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хонааш дар наздикии роҳе воқеъст, ки малахҳо аз онҷо мегузаранд.

“Малах меояд ва ҳама чизро мехӯрад. Боғро нест мекунад. Гандуму бодомро нест мекунад. Ҳама чизи мо аз деҳқонӣ аст, малах мехӯрад, зарар медиҳад. Онро нест кардан душвор аст, парвоз карда ба деҳа меояд. Соли гузашта ду гектар пахтаамро нест кард, 10 ҳазор сомонӣ зарар дидам”, - нақл кард ӯ.

Фахриддин Давлатов
Фахриддин Давлатов

Малахро маъмулан дар ин минтақа тариқи мошинҳои махсус, ки дар кӯҳҳо ва талу теппаҳо заҳр мепошад, маҳв мекунанд. Фахриддин Давлатов, сокини дигари ноҳияи Панҷ, имсол дар 7 гектар пиёзу картошка ва помидору пахта кишт кардааст. Ӯ мегӯяд, ҳоло ҳамон малахе пайдо шудааст, ки соли гузашта киштзорҳои онҳоро нобуд ва нони даҳонашоро аз онҳо гирифта буд.

"Заҳр мепошанд, вале тамом намешавад"

Ин ҷавон ҳамроҳ бо ҳамдеҳаҳояш ба доманакӯҳ барои нест кардани малах рафтааст. “Омадем, то малахҳоро нобуд кунем. Заҳр мепошанд, вале тамом намешавад. Малах дар инҷо зиёд аст. Оқибат ба замини пахтаи мо меравад. Соли гузашта замини тарбузи моро хӯрд, гандуми ҳамсояҳоро нест кард, замини пахтаи амакамро аз байн бурд. Ин малах ба зудӣ намемирад”, - гуфт ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Аммо ба назар мерасад, ки “мубориза”-и сокинон бо малах чандон муассир набудааст. Ҳоло лашкари малах ба деҳаи Сомонӣ, ки аз Ҳафтеппа чандон дур нест, наздик мешавад. Муъмин Муъминов, як чӯпон аз ҷамоати деҳоти "Намуна" мегӯяд, малах дар пуштаҳо чарогоҳҳоро нест кардааст.

Малахи марокашӣ, ки дар навоҳии ҳаммарз бо Афғонистон дар фасли баҳор пайдо мешавад, чанд сол аст ба кишоварзони Фархору Панҷ дарди сар эҷод мекунад. Мутахассисон бар инанд, ки ин малахҳо аз он сӯи марз ба Тоҷикистон мегузаранд. Қаблан дар хатти марз дору мепошиданд, ки ҳадди нокофии он имрӯз пеши паҳншавии ин ҳашароти зиёноварро намегирад.

"Малахҳо аз кишвари ҳамсоя меоянд"

Шералӣ Одинаев, масъули Идораи кишоварзӣ ва сардори ситоди мубориза бар зидди малах дар минтақа гуфт, “давлати ҳамсоя хуб назорат намекунад. Имкони тоза кардани миёни ду хатти симхоро надорем. Соли гузашта каме тоза кардем. Бояд кишвари ҳамсоя тоза кунад. Тариқи давлати ҳамсоя Афғонистон малах пайдо мешавад.”

Тибқи мушоҳидаи мутахассисон, малахи марокашӣ дар муқоиса ба соли гузашта 15 рӯз пеш дар навоҳии ҷануб пайдо шудааст. То ба ҳол тақрибан ду ҳазор гектар замин дар ноҳияи Панҷ аз малах тоза карда шудааст. Қаблан гуфта шуда буд, ки ҳудуди 6 ҳазор гектар замини ин ноҳия зери ҳамлаи малахҳо қарор гирифтаанд.

Ҳарчанд ҳукумати ноҳияи Панҷ зарари кишоварзон аз ҳамлаи малах дар соли гузаштаро ошкоро намегӯяд, ба қавли сокинон, ҳосили даҳҳо гектар заминашон аз ҳамлаи малахҳо нест шуда буд ва хатар имсол бештар аз соли гузашта аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG