Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи малахи "марокашӣ" ба заминҳои Фархор


Кишоварзон дар ҷануби Тоҷикистон аз мақомоти маҳаллӣ хостаанд, ки дар маҳви малахи марокашӣ кӯмак кунанд. Киштзорҳои мардум дар инҷоро селаҳои бузурги малах нобуд мекунанд.

Даҳҳо ҳектор зироати мардум аз ҳамлаи малахи марокашӣ дар ҷануби Тоҷикистон нобуд мешаванд. Кишоварзони ин минтақа ба мақомоти маҳалӣ муроҷиат карда ва хостори кӯмаки онҳо барои нобудсозии малах шудаанд.

Кишоварзони деҳаи Сурхоби ҷамоати Ғалабаи ноҳияи Фархор ҳамасола дар даҳҳо ҳектор замин гандум ва дигар навъи зироатҳоро кишт мекунанд. Ин деҳа бо тарбузу харбузааш, яке аз деҳаҳои номдор ба ҳисоб меравад ва ҳамасола минтақаи Кӯлобро бо ин навъи маҳсулоти полезӣ таъмин мекунад. Аммо деҳқонон мегӯянд, ки малахи марокашӣ имсол киштзорҳои онҳоро аз байн мебарад.​

Нуралӣ Холмирзозев, роҳбари хоҷагии деҳқонии "Баракат" рӯзи 18 май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, се рӯз мешавад малахи марокашӣ аз кӯҳ ба заминҳои онҳо ҳамла мекунад. Ӯ мегӯяд, ки чандин маротиба ба мақомот муроҷиат карданд, ки пеши роҳи инро гиранд, аммо то ба ҳол касе ба доди онҳо нарасидааст.

Нуралӣ Холмирзоев
Нуралӣ Холмирзоев

"Ҳозир ҳамин 80 фоизи малах дар даруни гандуми ман ҷойгир шудааст. Рӯзона вақте ҳаво гарм мешавад, онҳо ба тарбуз ва харбуза ҳамла мекунанд. Аллакай тарбуз қариб ба пухтан омадааст, аммо малах ҳамла карда, аксари онҳо аз бехаш нобуд кардааст. Ба мақомот муроҷиат кардем, ки каме дору кӯмак кунанд, аммо касе ба гапи мо гӯш накард. Рӯз гарм шуд, малах мисли барф ба заминҳо мерезад. замини ман ҳудуди 10 гектар аст, дигар намедонам аз кадом тараф пеши роҳи малахро гирам"- гуфт мусоҳиби мо.

Шаш сол қабл низ баъди боришоти зиёд, малах ба кӯҳу пуштаҳо ва заминҳои киштшудаи Хатлон ҳамла намуда ва ба беш 40 ҳазор гектор замин ва пуштаҳои 15 ноҳияи вилояти Хатлон зиён ворид карда буд.

Маҳмадюсуф Назаров, сардори корхонаи зидди малах дар ноҳияи Фархор чоршанбеи 18 май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба ноҳияи онҳо малахи марокашӣ аз ноҳияи Панҷ ворид шудааст. Ҷаноби Назаров мегӯяд, ки онҳо пеш аз кишт заминҳоро дору пошида буданд ва малах нест шуда буд: "Ин малахи марокашӣ як ҳафта шуд, ки аз сӯи деҳаи Ҷетргани ноҳияи Панҷ ба заминҳои мо омада истодааст. Имсол ба мо ягон кӯмак нашуд. Техника ҳаст, аммо маблағ нест, ки дору харида зиддӣ малах истифода кунем. Як ҳафта зиёд шуд, ки ҳамлаи малах дар деҳоти Сурхоб мушоҳида мешавад."

Кишоварзон дар Фархор мегӯянд, ки барои нест кардани ин малах танҳо ҳавопаймо нақш мебозад. Мастона Хоҷаева, вакили деҳоти Сурхоб ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар замони Шӯравӣ ҳавопаймо замони ҳамлаи малах дору мепошид ва малах нест мешуд. Хонум Хоҷаева афзуд, ки баъди пошхӯрии Шӯрави ҳар сол ба заминҳои кишти онҳо малах ҳамла мекунад ва заҳмати деҳқононро аз байн мебарад.

Мастона Хоҷаева
Мастона Хоҷаева

Ӯ мегӯяд, "ҳоло моро малах ҳамла дорад. Кишти коридагиамонро аз байн мебарад. Мисли барф ба заминҳо меоянд ва бештар тарбуз ва сабзавотро нест мекунанд. Инро танҳо ҳавопаймо нест карда метавонад. Ин арзи моро ба президент расонед, ки дар чӣ вазъият қарор дорем."

Аз соли 2010 дар маҳалҳо ситодҳои мубориза алайҳи малах ташкил карда шуда, ҳар сол ба он аз будҷаи вилоят қариб як миллион сомонӣ ҷудо мешуд. Аммо сардори корхонаи зидди малах мегӯяд, ки имсол маблағ ҷудо нашуд ва онҳо имкон пайдо накарданд, то заминҳоро дору зананд.

Зимнан, тибқи иттилои расмӣ, имсол 51 ҳазор ҳектар заминҳо вилояти Хатлон ба ҳамлаи малахи марокашӣ рӯбарӯ шудаанд. Дар Фархор беш 2000 гектар, ки бештари он заминҳои полезӣ аст, рӯ ба нестӣ оварда, баъзе деҳқонон бори дуюм дар заминҳои аз малах зарардида кишт анҷом медиҳанд. Кишоварзон мегӯянд, ки агар пеши роҳи ин гирифта нашавад, соли оянда имкони кишти зироат боқӣ намемонад.

XS
SM
MD
LG