Раҳбарони се кишвари назди Балтика аз президенти ИМА Доналд Трамп хостанд, ки аз роҳи тақвияти нирӯҳои ИМА ва НАТО дар амри боздоштани Русия дар соҳилҳои шарқӣ талош ба харҷ диҳад. Дар мулоқоте, ки рӯзи 3 апрел дар Кохи Сафед ҷараён гирифт, президентони Литва Далия Грибаускайте, Эстония – Керстӣ Калюлайд ва Литва – Раймонд Вейонис иштирок карданд.
Онҳо мунаққидони шадиди Русия дар Иттиҳодияи Аврупо буда, дар шароите аз Амрико боздид мекунанд, ки Трамп дар робита бо нақшаҳояш нисбати Кремлин паёмҳои зидду нақиз додааст. Дар ҳоле, ки музокироти Кохи Сафед идома дорад, журналистон шуниданд, ки Трамп ба президентони кишварҳои назди Балтика гуфтааст: “Ҳеҷ касе бо Русия бештар аз Доналд Трамп шадидлаҳнтар набуд”.
Трамп гуфтааст: “Дар ниҳояти амр хости мо ин аст, ки бо Русия ҳамкор шавем. Наздикшавӣ бо Русия кори хуб аст, бад нест”. Трамп инчунин гуфтааст, ки ба НАТО фишор меорад, то ки хароҷоти дифоии он бештар шавад. Ба саволи ин ки оё президенти Русия Владимир Путин дӯст аст ё душман, Трамп гуфтааст: “Инро дертар мефаҳмем, баъдтар ба шумо мегӯям”.