Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мураббӣ барои латукӯби кӯдакон ихроҷ шуд


Дар Узбекистон мураббии боғчаи "Наврӯз"-и шаҳри Ҷиззах Моҳира Мамадқуловаи 37-соларо баъди нашри видеои латукӯб шудани кӯдакон аз тарафи ӯ дар Интернет, аз кор ихроҷ карданд. Дар ин бора рӯзи 2 апрел Бахши узбекии Радиои Озодӣ хабар дод.

Дар пайи нашри навор дар интернет Вазорати таҳсилоти томактабии Узбекистон бо ташкили як гуруҳи махсус муайян кард, ки ин ҳодиса 27 март, дар арафаи сафари президент Шавкат Мирзиёев ба Ҷиззах рух дода, онро донишҷӯи соли аввали Донишкадаи омӯзгории Ҷиззах ва таҷрибаомӯз Ш.К. сабт ва дар Интернет нашр кардааст.

Ба огаҳии вазорат, Мамадқулова хатмкардаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ҷиззах ва дорои маълумоти олӣ буда, аз соли 2007 дар боғчаи "Наврӯз" кор мекард.

"Дар рафти санҷиш муайян шуда, ки Мамадқулова он рӯз ба далели як мушкили хонаводагӣ асабонӣ буда, дар натиҷа кӯдаконро латукӯб кардааст", - навиштанд расонаҳо.

Дар робита ба ин ҳодиса парванда боз шуда, ба додситонии Ҷиззах ирсол шудааст. Маъмурияти боғча қарордоди кориро бо Мамадқулова бекор кардааст. Баъд аз ин ҳодиса се мураббии дигари боғчаи "Наврӯз" низ аз кор ихроҷ шуданд.

XS
SM
MD
LG